Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоШикояти намояндагони Тоҷикистон ба САҲА: мухолифон моро акс нагиранд (аксҳо)

Шикояти намояндагони Тоҷикистон ба САҲА: мухолифон моро акс нагиранд (аксҳо)

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА, ки дар Варшава баргузор мегардад, ба масъулини ин ҷаласа аз болои мухолифини ширкаткунанда дар ҷаласа шикоят бурдаанд.

Онҳо зимни ин шикояташон аз масъулини нишасти САҲА дархост кардаанд,  ба мухолифоне, ки дар ин ҷаласа барои ширкат ё эътироз ҷамъ шудаанд, аксгирӣ аз намояндагони Тоҷикистонро манъ кунанд. Дар ин ҷаласаи САҲА намояндагони ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат доранд.

Гурӯҳи беш аз саднафараи аъзои ҲНИТ ва дигар нерӯҳои мухталиф дар рӯбарӯи бинои САҲА даст ба тазоҳурот задаанд. Гурӯҳи 20 нафараи дигар дар дохили ҷаласа бо аксҳои маҳбусони сиёсӣ, бо нишони эътироз зидди таъқибу фишор дар Тоҷикистон дар паси ҷаласакунандаҳо рост истодаанд.

Сабаби чунин дархосташонро онҳо чунин шарҳ додаанд:

«инҳо аз аксҳои мо карикатураҳои фаҳш месозанду дар фейсбук мегузоранд. Ва гуфтаанд аллакай чанд чунин карикатура омода кардаву дар фейсбук гузоштаанд.»

Масъулини нишаст назари мухолифинро дар ин масъала пурсиданд. Мухолифин собит карданд, ки ҳеҷ карикатурае нашудааст. Масъулин ба шикояти намояндагони Тоҷикистон ҷавоби рад дода, ба намояндагони мухолиф гуфтанд, дар аксбардорӣ ихтиёри комил доред.

Ба назар мерасад намояндагони Тоҷикистон то ҳанӯз аз фазои Тоҷикистон хориҷ нашудаанд ва гумон доранд, ки усулҳое, ки дар кишвар ба кор мебаранд, дар Аврупо ҳам мешавад истифода кард. Яъне ҳар тӯҳматеро метавон ба мухолифин баст ва муттаҳам кард. Ҳатто як нафари онҳо, ки корманди КДАМ будааст хост аз дасти Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷик дастгоҳи аккосиро рабояд.

Ошуфтагиву саросемагии намояндагони тоҷик ҳақ будани мухолифинро собиттар кардааст ва дигар ҳеҷ касе аз иштироккунандагони ин ҷаласа ба ҳарфашон бовар надорад.

Гузориши худи САҲА дар сомонаи расмиаш аз боздошти аъзои хонаводаи мухолифин, гувоҳи ин гуфтаҳост.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика