Имрӯз бояд соати 10.00 бо вақти Душанбе вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёров сухани охирини худро дар додгоҳ ироа мекард. Қабл аз оғози мурофиа рӯзноманигорону намояндагони зиёди созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон назди догоҳ ҷамъ шуданд. Ин ҷамъшавӣ нафарони зиёд мақомоти кишварро ба ҳарос афканд ва ба умеди ин, ки қисме аз онҳо пароканда шаванд, мурофиаро ба соати 13 гузарониданд. Аммо дар ин соат ҳам ҳузури онҳо аз саҳар бештар шуд. Мурофиа ба фардо субҳ гузаронида шудааст.
Қазияи Бузургмеҳр Ёров мақомоти кишварро саргум занонидааст. Аз як тараф фишори ҷомеъаи байналмилал ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз тарафи дигар истодагарии Бузургмеҳр дар дифоъ аз худаш.
Бо иттилои манбаъи мо мақомоти кишвар ба вазири корҳои хориҷаи Олмон ваъда кардаанд, ки Зарафо Раҳмонӣ ва Бузургмеҳр Ёровро озод хоҳанд кард. Зарафоро бо фиреб маҷбур ба ақибнишинӣ карданд, аммо ба назар мерасад Бузургмеҳр то пирӯзии ҳақ бар ботил ва адолат бар зулм пойдор бимонад. Дирӯз Нуриддин Маҳкамов, вакили дигари дифоъ, ки мурофиааш якҷоя бо Бузургмеҳр Ёров мегузарад, дар сухани охиринаш тамоми иттиҳомот алайҳи худашро рад карда гуфтааст барои ҳақи худаш мубориза кардааст.