Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
انا لله و انا اليه راجعون
Реҳлати нобаҳангоми Ҳазрати Эшони Мирзоюсуфи Фозилро ба аҳли хонавода, наздикон, шогирдон ва аҳли илму маърифати кишвари азизамон таслият гуфта, аз Худованди маннон барои марҳум ҷаннати фирдавс ва барои ҳамагон сабри ҷамилро хоҳонам.
Даргузашти ишон талафоти бузург барои илм, фарҳанг, адаб ва маънавиёти миллат ба ҳисоб меравад. Ӯ на танҳо як олими динӣ, балки як адиб, ориф ва устоди пурсамаре буданд, ки ҳазорон нафар аз баракати илму маърифати ишон файз бурдаанд. Марҳум намунаи як инсони комил буданд, моломол аз тақвову илм, одоб ва хулқи наку.
Хидматҳои ишон дар тарбияти маънавии насли имрӯзаи кишвар қобили зикр ва қадрдонист. Солҳои аввал пас аз имзои Созишномаи Сулҳи тоҷикон, масъулияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бар душ доштанд ва барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва бародарӣ хидматҳои шоистае анҷом додаанд.
Ӯ дар ҳама ҳолат ва бо ҳамагон муносибати ҳалимона, ҳакимона ва хоксорона доштанд, ки марҳумро маҳбуби хоссу ом, на танҳо дар минтақаи Суғд, балки дар саросари кившар ва ҳатто, берун аз он гардонида буд.
Ёди Ҳазрати Эшони Мирзоюсуф дар қалбҳои мо дустону бародарон, шогирдону мухлисони ишон ва аҳли илму маърифат ҳамеша боқист.
Худованд қабри марҳумро пурнур ва дар сафи солиҳону дустдорони худ рӯзи қиёмат маҳшур бигардонад. Омин ё Раббал-оламин!
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ
25.09.2016
*Манбаъ: Сафҳаи фейсбукии Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ