Бар асоси маълумоти ба даст омада, рӯзҳои наздик намоиши филми «Нақши мақомоти қудратӣ дар муҳоҷират» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамзамон аз тариқи чанд шабакаи телевизиони моҳвораӣ баргузор мегардад.
Ба гуфтаи муаллифон, филми «Нақши мақомоти қудратӣ дар муҳоҷират», ки бар асоси талабу дархост ва пешниҳодоти чанд нафар аз кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст, баъд аз намоиш додан дар шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ ба тамоми созмонҳои муътабари дунё ирсол ва аз онҳо хоста мешавад, ки дар ин қазия бетараф набошанд.
Ин филм бар асоси факту далелҳои гӯё, наворҳои видеоиву савтӣ ва шоҳидони зинда ба навор ва бо чанд забони машҳури дунё тарҷума шудааст. Қаҳрамонони филми мазкур ҳудуди 25 нафар аз паноҳандаҳои сиёсии Тоҷикистон ҳастанд, ки бар асари на танҳо фишору таҳдидҳои баъзе кормандони хирадманди мақомоти қудратӣ, балки борҳо аз ҷониби қисме аз кормандони бехиради Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохила дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мавриди латукӯб ва ҳатто озору шиканҷаҳои мухталиф қарор гирифтаанд, таҳия гардидааст.
Дар вақти таҳияи он тавозуни қувват риоя шуда, барҷастатарин нақши мақомотро дар ин филм се тан аз кормандони КДАМ, ки ҳар се нафари онҳо бо як насаб (Давлатов) дар он муаррифӣ шудаанд, иҷро мекунанд. Инчунин дар таҳияи ин филм нақши яке аз муовинони УБОП-и ВКД, ки аксари қаҳрамонони ин филмро дар утоқҳои корӣ ва таҳхонаи ин ниҳод борҳо «зиёрат» ва онҳоро бо зарби олоти мухталиф «меҳмондорӣ» кардааст, барҷаста карда, нишон медиҳанд. Ҷолиб он, ки нақши ин кормандони қудратиро дар филми мазкур худи онҳо бо наворҳои видеоӣ ва савтиашон, ки муаллифон онҳоро бо ҳаре роҳу воситае дастрас кардаанд, иҷро мекунанд.
Муаллифон мегӯянд, аслан қарор набуд, ки дар ин рӯзҳо ин филм намоиш дода шавад, вале чун ахиран вазъи хонаводаҳо ва пайвандони аксари қаҳрамонони ин филм дар Ватан хеле бад ва фишори мақомот аз ҳад зиёд шудааст, спонсурони иттилоотии мо дар Ҳукумат ва қаҳрамонони ҷабрдидаамон аз мо талаб кардаанд, ки пеш аз мавъид онро ба намоиш гузорем.
Амруллоҳи Низом