Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲақи мардум хӯрдан як тоҷикро баъд аз 14 сол ба зиндон кашид

Ҳақи мардум хӯрдан як тоҷикро баъд аз 14 сол ба зиндон кашид

Ин марди ҳаққимардумхӯр Ашӯр Тағоймуродов ном дошта, сокини ноҳияи Рӯдакии пойтахт мебошад, ки ахиран бо ҳукми додгоҳи Душанбе 16, 5 сол аз озодӣ маҳрум гашта, равонаи зиндон гардид.

Гуфта мешавад,  ин нафар пас аз 14 соли содир намудани ҷиноят ба дасти мақомоти интизомӣ афтод ва дар қиболи рафторҳои ноҷавонмардона нисбат ба муҳоҷирони корӣ муҷозот шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе алайҳи Ашӯр Тағоймуродов ҳукми худро эълом намудааст ва ин сокини пойтахтро барои зӯран гирифтани 54 ҳазор доллари амрикоии 70 нафар муҳоҷири корӣ муттаҳам донистааст.

Парвандани ин шахси муҷрим аз рӯи моддаҳои вобаста ба роҳзанӣ, тақаллуби аснод ва тасарруфи ҳуҷҷатҳои расмӣ баррасӣ шудааст. Ашӯр Тағоймуродов ҳини бозпурсиҳо дар додгоҳ иқрор шудааст, ки 54 ҳазор доллари ҳамватанонашро ҷабран гирифтааст ва ин воқеа 14 сол пеш аз ин дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ омадааст. Яъне соли 2002 вақте ки ҳанӯз бонкҳо ба низоми фиристодани пул комилан омода набуданд, як гурӯҳ муҳоҷирони корӣ аз писарамаки Ашӯр Тағоймуродов, ки Абдуманнон Тағоймуродов ном доштааст, хоҳиш мекунанд, ки пулҳои онҳоро ба пайвандонашон расонанд. Аммо Ашӯр Тағоймудоров 23 майи соли 2002 дар роҳи фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав ҳамроҳ бо ду бародар ва амакбачааш Абдуманнон Тағоймуродов ба мошини се муҳоҷири тоҷик ҳамла карда, пулҳоро мегиранд ва бо худ мебаранд.

Дар натиҷаи задухӯрд се муҳоҷир ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд ва ҳатто захми корд низ мегиранд. Онҳо ба пулиси Маскав муроҷиат мекунанд, аммо гумонбарон бо асноди тақаллубӣ солҳо пинҳонӣ дар пойтахти Руссия зиндагиву кор мекунанд. Ашӯр Тағоймуродов бо шиносномаи қалбакии ба номи писари амакаш Мелибой Тағоймуродов 14 сол дар Маскав басар бурда, пас аз бозгашт ба ватан аз ҷониби хадамоти интизомӣ боздошт мегардад.  

Аз ҷониби ҳамватанонашон фиреб хӯрдан  ва ҷабр дидани муҳоҷирони корӣ дар Руссия як ҳодисаи нав нест, аммо пас аз 14 соли содир намудани ҷиноят ва дар Тоҷикистон ба даст афтодаву паси панҷара равон гардидани ҷинояткор кам иттифоқ афтодааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика