Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМаксим Шевченко: «Оё Галустян омодаи пазириши таҳқир нисбати арманиҳо ҳаст?»

Максим Шевченко: «Оё Галустян омодаи пазириши таҳқир нисбати арманиҳо ҳаст?»

Рӯзноманигор ва муҷрии машҳури телевизиони Русия аз тавҳини ҳунармандони танзпардози арманитабор алайҳи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар телевизионҳои ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Максим Шевченко бо ишора ба пахши сериали мавсум ба «Наша Раша» аз шабакаи «ТНТ»-и Русия бо ҳадафи ақибмонда нишон додани коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ гуфтааст, ки ҳадафи танзпардозони арманитабор аз сохти ин филм, эҷоди ихтилоф миёни русҳо ва мусулмонон ва бавижа тоҷикон мебошад.

Вай аз ин иқдом ба унвони коштани тухми нифоқ ва ихтилоф миёни ақвом ва миллатҳои сокини Русия ва пайравони мазоҳиби мухталиф дар ин кишвар ёд кардааст, ки ба дасти чанд масхарабози арманитабор дар ҳоли амалӣ шудан мебошад.

Аз дидгоҳи вай, ин сериали тавҳиномез намунаи боризи таблиғи афкори тафриқаангез, ситез бо ақвоми Осиёи Марказӣ ва тақвияти рӯҳияи танаффур нисбат ба миллионҳо нафар аз пайравони Ислом дар Русия ба ҳисоб меояд. Аз ин рӯ, вай ин пурсишро матраҳ мекунад, ки оё Галустян (таҳиякунандаи ин сериал), ки худ шаҳрванди арманитабори Русия аст, омодаи пазириши чунин таҳқир нисбати арманиҳо мебошад? Ин рӯзноманигори рус аз сукути созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва марокизи исломии Русия нисбати ин сериал интиқод кардааст.

оё Галустян  омодаи пазириши  таҳқир нисбати арманиҳо ҳаст?

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика