Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоХАТАРИ “САНГ”-У “ТУХМ”-И РЕЖИМИ РАҲМОН

ХАТАРИ “САНГ”-У “ТУХМ”-И РЕЖИМИ РАҲМОН

Ҳодисаҳои охири дар Тоҷикистон рӯй додаро наметавон масхарабозии Ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии он ҳисоб кард. Ин “масхарабозиҳо” оқибатҳои даҳшатнокеро барои оромии Ватан, ваҳдати миллӣ ва махсусан насле, ки талабгори озодии худ, ҳуқуқи инсонии худ, озодии баёни худ, озодии ақидаи худ..,  дар пай дорад.

Ҳукумат дар ҳоли ҳозир бо “сангу тухм”-зании дари мухолифини худ, ки ағлаб дар зиндонанд, иктифо мекунад, аммо бо ёфтани фурсати муносиб метавонад ба ҷои сангу тухм аз тирборон истифода кунад. Ҳадди ақалл, “тарафдори ҳукми қатл” будани прокурори генералӣ далели он аст, ки Ҳукумати Раҳмон нияти қатл кардани на танҳо зиндониёни сиёсӣ, балки ҳар шаҳрванди мухолифи худро дар нақша дорад!

Бо майли худ баровардани “ҳукм”-ҳо нисбати аъзоён ва сарони ҲНИТ, ҳамчунин адвокатҳои боздоштшуда гувоҳи он аст, ки абадан дар Тоҷикистон “адолати судӣ” ва оддитарин ҳуқуқи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Баъд аз ин ҳам ҳеч гуна ҳуқуқе вуҷуд нахоҳад дошт.

Дар ҳукуматҳои диктаторӣ, нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон, ба майли худ истифода кардани арзишҳои демократӣ, дар дасти як нафар нигоҳ доштани тамоми аркони давлатдорӣ, бе майлон ва золимона бархурд кардан ба мардум, як амри табиист.

 

ВАРШАВА НОКОМ БУДАНИ ҲУКУМАТИ РАҲМОНРО БА НАМОИШ ГУЗОШТ

Нишасти охирии кишварҳо дар Варшава ва ончи дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт, мунҷар ба тарк кардани намояндагони Раҳмон аз нишаст гардид. “Эътироз” номидани ин фирор ва навиштани “номаҳои эътирозӣ”, ҳамагӣ аломати шикасти шармандавори Ҳукумат дар баробари теъдоде аз мухолифонаш дар ҷомеаи байналмилалӣ буд!

Ҳама рӯза бо аксҳову матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани он нишаст, бе ягон шакке нуфузи ҳукумати Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ паст кард.

Ба намоишҳои сохтаи эътирозӣ баровардани донишҷӯён, бо пули худи мақомот нашр кардани аксҳои мухолифин ва сипас оташ додани онҳо, ба дари зиндониёни сиёсӣ рафтани “эътирозгарон” ва бо сангу тухм кӯфтан ба дару девори онҳо, ҳамагӣ аз назари намояндагони сафоратҳову консулгариҳои хориҷии мавҷуд дар Тоҷикистон  берун намемонад.

Суолгузориҳои адвокати шинохта, мухолифи режими Раҳмон, Файзинисо Воҳидова дар ин робита бисёр мантиқиянд ва дар ин маврид кормандони корпусҳои дипломатӣ низ ҳатман меандешанд. Яъне, донишҷӯён бо пули кӣ ин қадар плакатҳоро чоп карданд, бо пули кӣ ин қадар тухм хариданд, бо иҷозати расмии кадом ниҳод намоишҳои эътирозии чандрӯзаро ба роҳ монданд?

Фирори намояндагони ҳукуматӣ бо роҳбарии омбудсмен Зариф Ализода, навиштани “номаҳои эътирозӣ” ва онгоҳ баробари он ташкили “нмоишҳои эътирозӣ” бо сангу тухму оташзании суратҳо… ҳамагӣ далели заъфи Ҳукумат, истибдодӣ будани он ва набудани ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ дар Тоҷикистон ҳисоб мешаванд.

 

ҲУКУМАТ МУХОЛИФИ МУҲОҶИРАТИ ШАҲРВАНДОН БА АВРУПОСТ?

Ҳукумати Раҳмон дар тӯли мавҷудияти худ тавонист, ки қишри бузурги аҳолии кишварро, аз ҷумла қишри муассирро, ки шомили омӯзгорон, кормандони соҳаи тибб, ҳуқуқдонҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва дар маҷмуъ қувваи бузурги кориро дар муҳоҷирати иҷбории солҳо дур аз худ нигоҳ дорад.

Муҳоҷиратро таҳким бахшидани режими худкомаи Раҳмон барои давом ёфтани салтанати ӯ аз чанд ҷиҳат судманд аст:

  1. Тоҷикистон корхонаҳои аз даврони Шӯравӣ доштаашро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз даст дод. Он корхонаҳоро ба ҷумҳуриҳои дигар  бештар силоҳдорони ба ном “Фронти халқӣ”, ки дар садри он Сангак Сафаров, Сафаралӣ Кенҷаев, Адолат Раҳмонова… буданд, ғорат карданд ва фурӯхтанд.

Корхонаҳои боқимонда аз тарафи хешону бастагони Раҳмон хусусӣ ва бештари онҳо ба ҳавлиҳоои онон табдил дода шуданд ва ё ба такрор фурӯхта шудаву ҳамчун корхона моҳияти худро гум намуданд.

Барои мисол корхонаи машҳури “Текстил”-ро Анвари Калла ном хеши Раҳмон хусусӣ кард. Ин корхона дар замони Шӯравӣ бо иқтидори тамом фаъолият мекард ва дар ду баст 28 ҳазор нафарро ба кор таъмин нигоҳ медошт.

Корхонаи азими алюминий, ки ҳоло “Талко” ном гирифтааст, на танҳо теъдоди кормандонашро коҳиш дод, балки бевосита даромадаш ба ҷайби Ҳасан Асадуллозода – додарзани Раҳмон ва дигар эҳтиёҷоти хонадони Раҳмон масраф мешавад.

Тақдири корхонаҳои муштараки истихроҷи тилло ва дигар маъодини қиматӣ, ки ба ину он хешони Раҳмон дахл доранд, маълум нест ва касе ҳам намедонад, ки даромади ин корхонаҳо ба куҷо меравад.

Конҳои азими ангишти кишвар, корхонаҳои азими маъдантозакунӣ то хурдтарин корхонаҳо – ҳамагӣ хусусишудаи бастагони Раҳмонанд ё ба онон “доля” месупоранд.

  1. Вақте дар кишвар корхонаҳо аз миён рафтаанд ё шахсиянд ва ҳамаро имкони ба кору маоши хуб таъмин карданро надоранд, Ҳукумати худкома роҳи наҷоти худро дар муҳоҷирати аҳолӣ пайдо мекунад ва аз он тарафдорӣ менамояд.
  2. Вақте қишри бузурги аҳолӣ дар муҳоҷиратанду масруфи кор, дигар нерӯе, ки ба ҳукумат мухолифат намояд, боқӣ намемонад.

Аз ин рӯ, ҳамасола режими Раҳмон барои густариш додани раванди муҳоҷирати кории аҳолӣ чораандешӣ мекунад.

Ҳарчи бештар муҳоҷир – бештар ба бонкҳои шахсии бастагони Раҳмон пул ворид мешавад!

Тарафдории ҳукумати худкомаи Раҳмон аз муҳоҷирати корӣ танҳо ба самти Русия, ки дастнишондаи он аст ва ҷумҳуриҳои собиқ мебошад.

Муҳоҷират ба Аврупо, дар шакли нишасти Варшава ва эътирозу садобаландкунии мухолифон нишон дод, ки ҳукумат тарафдори он нахоҳад буд. Зеро ин раванд боис мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дар маҷмуъ СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба вазъи Тоҷикистон ҷиддитар нигоҳ кунанд ва тасмимҳое бигиранд, ки ба манфиати Раҳмон набошад.

Аз ин рӯ,  Ҳукумати Раҳмон дар ин самт муҳоҷиратро ба Аврупо чеҳраи манфӣ бахшида, дар номаҳои “эътирозӣ” худ онро ба 2 гуна тавҷеҳ кард:

1) Мухолифони сиёсӣ, ки ба онҳо ҳамаи аъзоёни ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Ислом бо сарварии Кабирӣ дохиланд, “Гуруҳи 24”, Анҷумани неруҳои созанда, ва чеҳраҳои алоҳидаву рӯзноманигорони фирорӣ, ки ҳамаи инҳоро Ҳукумати Раҳмон “ҷинояткор” муаррифӣ кардааст, дар “эътироз”-и ҳукумат аз “Қонун” гурехтаанд.

2) Боқимондаи муҳоҷирон ва ҳар каси дигар, ки мехоҳад вориди Аврупо шавад, гӯё ба ин васила мехоҳад ҳаққи иқомат дарёб кунад.

Мебинем, ки инҷо Ҳукумати Раҳмон дигар дар фикри муҳоҷирони худ нест, балки дар фикри бақои худ, ки сари ҳамаи манфиатҳои як хонавода мебошад, ҳаст!

Ин тариқаи бархурди режим низ ба ҷое нахоҳад расид, зеро тариқи тафтишу пурсише, ки аз муҳоҷирон дар ҳудуди Аврупо сурат мегирад, бо чи нияту чи далел омадани онҳоро ошкор мекунад.

 

БОЗГАШТИ МУҲОҶИРОН – ХАТАР БА ҶОНИ ОНҲОСТ!

Дар ин шакке нест, ки бозгашти ҳар шаҳрванди муҳоҷири тоҷикистонӣ аз ҳудуди Аврупо хатари ҷонӣ дар пай дорад. Ҳукумати Раҳмон дар чеҳраи ҳар як шаҳрванд – дар чеҳраи ҳар як муҳоҷир барои худ мухолиф меҷӯяд, мухолифро мебинад.

Бо эътирози ошкоро ё бе эъломи эътироз баромада рафтани теъдоде аз рӯзноманигорони тоҷик мебоист Ҳукумати Раҳмонро ба андеша водор созад. Вале чунин нашуд.

Барои режим, чунонки тарк кардани ҳазорҳо мутахассис кишварро мояи нигаронӣ нашуд, тарк кардани рӯзноманигорону дигар аҳли адаб мояи нигаронӣ нахоҳад буд.

Дар Ҳукумати Раҳмон танҳо ононе метавонанд зиндагӣ кунанд ё фаъолият дошта бошанд, ки ба ҳеч кору чизе эроду эътироз нагиранд.

Рӯзноманигорон хоста ё нохоста дар Тоҷикистон ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Рӯзноманигорони ҳукуматӣ. 2. Рӯзноманигорони мустақил.

Рӯзноманигорони ҳукуматӣ дар асоси дастуру фармоишоти ҳукумат менависанду маошу ҳаққи қалами доимӣ ва мушаххас доранд. Бар илова мукофотпулӣ мегиранду имкони зиёд шудани маошу ҳаққи қаламро доранд.

Аммо рӯзноманигорони мустақил зиндагии душвор ва барои ҳар навиштаи худ ҳамеша мавриди пайгирду мавриди хатар воқеъ мегарданд.

Борҳо ба маҳкама кашида шудани рӯзномаҳову рӯзноманигорон, манъ шудани фаъолияти онҳо мушоҳида шудааст.

Лату кӯб шудани Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Ҳикматулло Сайфуллозода борҳо расонаӣ шудааст.

Хатар ба ҷони рӯзноманигорони мустақил танҳо аз тарафи мақомоти қудратие монанди ВКД ва КАМ нест. Бадтарин хатар аз ҷониби мансабдорон – бастагони Раҳмон – ба ҷони рӯзноманигорон аст.

Аз васоити ахбори омма истифода кардани Умаралӣ Қувватов боис гардид, ки ӯро бо дастури пайвандони Раҳмон – Соҳибовҳо дар Туркия ба қатл расонанд.

Нашри матолиб дар мавриди ҷиноятҳои сангини фарзандони дигар аз наздикони Раҳмон – раиси ширкати давлатии Роҳи оҳан Ҳукумов, Рустам ва Расул Ҳукумовҳо боис шуд, ки рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба маҳкама кашида шавад ва қазия якҷониба, зери фишори Ҳукумов ба манфиати ӯ тамом шавад.

Амонулло Ҳукумов дар нишастии расмии хабарӣ кормандони рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро мухотаб қарор додаву онҳоро ошкоро таҳдид кард. Дар робита ба таҳдиди ӯ кормандони рӯзнома: Назири Нусрат, Исфандиёри Назар, Манучеҳри Мақсуд, Фурқати Низом, Сафарбек Кабиров, Шаҳлои Абдулло ва дигарон зери унвони “Ҷони мо дар хатар аст” ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо, корпусҳои дигари дипломатӣ ва аз ҷумла мақомоти тоҷик номаи расмӣ ба нашр расониданд. Дар ин қазия низ Ҳукумати Раҳмон хомӯш монд.

Ҳукумов таҳдиди худро идома дод ва фарзандони ӯ аз пайи рӯзноманигорон афтода, борҳо кӯшиши зери мошин мондани Назири Нусрат, Исфандиёри Назар ва ҳамкорони онҳоро намуданд.

Дар ин мавриди ВКД гӯё тафтиш оғоз кард, вале тафтиши худро ба анҷом нарасонид.

Собиқ сармуҳаррир ва мушовири кулли ин рӯзнома, шоир, нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Исфандиёри Назар борҳо аз зери хатар мондани худу фарзандонаш иттилоъ дод ва мақолаҳо ба чоп расонид. Кӯшиши рабудани фарзанди ӯ аз назди литсей, таҳдидҳои телефонӣ ба ҷони ӯву наздиконаш дар матбуот чоп шуд.

Вобаста ба қарори Раҳмон дар мавриди нодуруст истифода шудани замин мақолаҳои пайдарҳами Исфандиёри Назар ба чоп расид ва кори ин рӯзноманигор ба маҳкама кашида шуд.

Парвандаи ҷиноиро нисбати ин рӯзноманигор ва шоир прокурори ноҳияи Айнӣ оғоз карда, онро ба Душанбе ирсол кард.

Ниҳоят ӯмаҷбур гардид, ки кишварро тарк кунад. Бозгашти ин шоири машҳури тоҷик ба ҳаёти ӯву фарзандонаш хатари калон дорад.

Бо чунин аҳвол рӯзноманигорони дигар Ганҷина Ганҷова, Мавлудаи Равшанёр, Абдуазими Абдуваҳоб, Бахтиёр Аминӣ, Фарангис Баҳорӣ, Амруллоҳи Низом маҷбур шуданд, ки фирор кунанд.

Бозгашти ин афрод ба кишварашон ошкоро ба зиндон, ба таҳқиру азобҳои шадид гардан ниҳодани онҳо хоҳад буд.

Силсилаи гузоришҳои Амруллоҳи Низомро ҳаргиз мақомоти режими Раҳмон ба ӯ намебахшанд.

Умуман режими Раҳмон на танҳо рӯзноманигорон, балки истифодабарандагони шабакаҳои “Фейсбук”, “Однокласники” ва ғайраро, ки зери навиштаҳои Додоҷон Атовуллоев, Амруллоҳи Низом, Абдуманнон Шералиев, Абдуазими Абдуваҳоб, Ганҷина Ганҷова, Бахтиёр Аминӣ, Исфандиёри Назар…. “лайк” мегузоранд ё “поделится” мекунанд ё зери навиштаҳои онон шарҳ менависанд, зери таъқиб қарор медиҳад.

 

ФИРОРИЁН КИШВАРҲОИ СОБИҚ ШӮРАВӢ ВА СОТСИАЛИСТИРО АМН НАМЕДОНАНД

Ҳукумати Раҳмон барои боздошти мухолифони худ тамоми чораҳоро дидааст. Бо бастани шартномаҳо ва тавофуқ ба кишварҳои собиқ шӯравӣ, хатари боздошти мухолифони сиёсӣ бештар мешавад. Русия, Белорусия, Қазоқистон, Туркманистон дархости Ҳукумати Раҳмонро барои истирдоди боздоштшудагон ҳеч гоҳ рад намекунанд. Зеро ин кишварҳо низ зери роҳбарии шахсони худкома истодаанд.

Русия ҳатто шахсонеро, ки шаҳрвандияшон додааст, бо даъвати тарафи Тоҷикистон шаҳрвандияшонро лағв кардаву истирдод мекунад.

Режими Раҳмон ҳамроҳи мухолифони худ ба кишварҳои Аврупоӣ паноҳ мебаранд, ҳамеша теъдоде аз занҳову ҷавононро, ки “гӯё” ҷабрдида ҳастанд, барои гирифтани маълумоти ҷои буду боши онон, мухолифат ангехтан миёни онон (то ки Аврупо онҳоро берун намояд) фиристодаву мефиристад.

Лаҳистон аз лагерҳои собиқ сотсиалистист ва агарчи мухолифон бештар аз онҷо ба режими Раҳмон ин рӯзҳо фишор оварданд, вале паноҳҷӯён хоки онро барои худ ҷои амн намедонанд. Зеро хатари напазируфтан, берун кардан ба самти Белорусия ё Украина маънои онро дорад, ки мухолиф дар дасти режим афтодааст.

Эрон низ бо берун кардани зоҳирии мухолифи сарсахти ҳукумати Раҳмон – Саидюнуси Истаравшанӣ нишон дод, ки барои манофеъи худ метавонад ҳар шахсеро ба ҳукумати Раҳмон пас диҳад ё берун ронад.

Туркия на танҳо имконияти қатли Умаралӣ Қувватовро фароҳам овард, балки бо супориши кӣ иҷро шудани он ҷиноятро пинҳон дошт.

Паноҳ бурдан ба кишварҳои арабие мисли Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия ва амсоли инон хатароти бештар аз инро дорад.

 

МУБОРИЗАИ МУХОЛИФИН ДАР АВРУПО ЧИ ГУНА СУРАТ МЕГИРАД?

Ҳабсу шиканҷаи аъзоёни хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ, ҷисман нобуд кардани бархе аз онон (дар мисоли фарзандону наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим) агар дар ибтидо мухолифинро аз мубориза бозмедошт ва ба хотири пайвандону хешонашон андеша мекарданд, минбаъд чунон нахоҳад буд. Ин ақида дар ҳамаи мухолифин акнун устувор мешавад, ки барои расидан ба нияташон бояд ҳамагуна қурбониҳоро, ки дар муқобилашон режим анҷом медиҳад, бипазиранд.

Мухолифини дар Аврупо ҷамъомада, ки ба сафи онон ҳар рӯз даҳҳо нафар мепайванданд ва ба таври табиӣ дар Тоҷикистон низ мардум онҳоро пинҳонӣ тарафдорӣ мекунанд, дигар аз силоҳу ҷанг кор намегиранд. Онҳо на ба сафи “Давлати Исломӣ” мепайванданду на ба ҳаракати “Толибон”. Баръакс, тамомии мухолифин бо омӯхтани забонҳои аврупоӣ ва донистани роҳҳои осоиштаи эътироз дар назди дафтарҳои байналмилалӣ, вокуниши давлатҳоро ба муқобили ҳукумати худкома фароҳам меоваранд. Ба рӯзномаҳо, радио ва телевизионҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд ва воқеиятҳоро бевосита ба забони аврупоиҳо баён мекунанд.

Дар чунин ҳол мушкил аст, ки гуфтугӯҳои намояндаҳои режим ба Давлатҳо дигар самарае диҳад.

Ҳукумат бо ҷонканӣ тавонист, ки номи Кабириро вориди листи “Интерпол” кунад, дар муқобили он, дастаи “хурд”-и мухолифин дар нишасти Варшава ин масъаларо барои баррасии намояндагони байналмилалӣ гузошт!

Баъид аст, ки кишварҳои аврупоӣ Кабириро таслими ҳукумати Раҳмон кунанд. Дар ин самт низ режим шикаст хоҳад хӯрд, зеро кӯшишҳояш барои боздошту истирдоди президенти бо роҳи демократӣ ва овоздиҳии қонунии мардум пирӯзомада Абдумалик Абдулоҷонов, рӯзноманигори мубориз ва душмани ошкорои режим Додоҷон Атовуллоев натиҷа надоданд.

Маълум аст, ки бо “террорист”-у “ҷинояткор” эълон кардани ҲНИТ, сохтакорона ташкил кардани исёни Ҳоҷиҳалим Назарзода ва бо ҳамин баҳона қатл кардани ӯву фарзандону атрофиёнаш, на танҳо Иттиҳодияи Аврупову Амрикову ҳамтоёнаш, балки Русияро низ ҳукумати Раҳмон натавонист ба террористу ҷинояткор будани ҲНИТ-у аъзоёнаш бовар кунонад. ҲНИТ-ро ҳизби муътадил эътироф намуданд.

 

РЕЖИМ ЧИ ГУНА ХУДРО НИГОҲ МЕДОРАД?

Режими Раҳмон барои нигоҳдории худ аз ҳамаи роҳу равишҳо истифода мекунад. Тамомии қарордоду қонунҳои мавҷуд дар кишварҳои аврупоӣ, Амрико, Британия ва ташкилотҳои байналмилалиро имзо мекунад, то худро кишвари демократӣ нишон диҳад. Мубориза ба муқобили диндорон, дахолат ба сару либос, дахолат ба маъракаҳои мардум, қабули ҳамагуна меъёрҳои байналмилалӣ яке аз равишҳои нигоҳдории режим аст.

Ба фарз, агар Иттиҳоди Аврупо ё Амрико ҳар кишвари дигари абарқудрат ҳеч баҳонаеро барои фишор ба режими Раҳмон наёбад, чун ҳамаи қонунҳои мавриди назари ононро қабул кардаву шартномаҳоро имзо кардааст, ва даъво кунад, ки : чаро дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи ҳамҷинсгароён расидагӣ намешавад. Ҳукумати Раҳмон бе ҳеч мухолифат ин қонунро қабул мекунад ва ба ин амал машруъият мебахшад.

Анҷом додани сафарҳои расмӣ, гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ, пешниҳоди барномаҳое мисли “Соли оби тоза”, “Соли ҳуқуқи инсон”, “Барои демократия” ва ҳар шиори дигаре ба мисли инҳо, даъвати сарони кишварҳои аврупоӣ ё демократӣ,… аз равишҳои худнигоҳдории Раҳмон мебошанд.

Аммо дар воқеъ, ҳеч қонуне ва ҳеч тафоҳуму тавофуқе барои ҳуқуқи инсон, озодии баён, озодии шахс, озодии ақидаву дину бовар, баробарии ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботҳо, шаффоф гузаронидани интихоботҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Листи мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ва ҷои таваллуди онҳо кофист, ки чи гунагии режим ошкор шавад. Агарчи мансабдорони ин режим акнун шиносномаҳои худро аз ноҳияҳои дигар, аз вилоятҳои дигар мегиранд ва ҳатто қавмияти худро тағйир медиҳанд.

 

РЕЖИМИ РАҲМОН – РЕЖИМИ МАҲАЛГАРОСТ

Маҳалгароӣ ва бадбинии маҳаллоти дигари кишвар хоси фақат мансабдорони ҳукумати Раҳмон не, балки аз худи ӯ шуруъ мешавад. Нахустин далели маҳалгароии Раҳмон интихоби кадрҳои ӯ аз ҳалқаи хонаводааш ва ноҳияи худи ӯст.

Роҳбарони мақомоти қудратии кишвар аз шахсони наздик ва хешони худи Раҳмон интихоб шудаанд. Ин шахсон ҳисси маҳалгароии худро бо равишҳои мухталиф ошкор карда, аз маҳаллоти дигар қасдситонӣ мекунанд.

Барои мисол, ҳангоми вохӯриҳои Кабирӣ дар вилояти Суғд аз Душанбе теъдоде занҳои пешакиомодашударо ба онҷо меоваранд ва бо маҷбур намудани донишҷӯёни суғдӣ ба муқобили Кабирӣ шиорпартоӣ карданд. Нахуст аз вилояти Суғд ва онгоҳ аз ноҳияи Рашт (Ғарм) ба муқобили Кабирӣ ё Ҳизби наҳзати исломӣ номаҳои шикоятиву дархостиву талабномаҳо паҳн намуданд, то мардуми маҳалҳову навоҳии дигар фикр кунанд, ки ин ҳама кори суғдиҳост. Яъне дар сурати шикаст хӯрдани режиму ба сари қудрат омадани наҳзатиён онҳо қасдро аз суғдиҳо бигиранд, на аз данғарагиҳову дигар бастагони онҳо.

Дар мақолаҳое, ки ба муқобили мухолифони ҳукумати Раҳмон дар ҳафтаномаҳои алоҳидаи мустақил ё ҳафтаномаҳои ҳукуматӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба чоп мерасонанд, ҳамеша ному насаби бадахшониҳоро мегузоранд, то ҳама фикр кунад, ки бадахшониҳо бар зидди онҳо навиштаанд.

 

РЕЖИМИ РАҲМОН АЗ ВУҶУДИ ЗАНОНУ ДОНИШҶӮЁН ҲАМЧУН СИЛОҲ ИСТИФОДА МЕКУНАД

Барои бадном кардани заноне, ки либоси миллӣ мепӯшанд, заноне, ки ҳиҷобу сарулибоси мазҳабӣ мепӯшанд, режими Раҳмон роҳҳои гуногунро ошкорову пинҳонӣ истифода кардаву мекунад.

Аз ҷумла, ВКД занону духтарони аз ночорӣ фоҳишашударо, ки дар қайди шуъбаи 4-уми худаш меистанд, бо сарулибоси “исломӣ” ороста ба мадраса мефиристод ва баъдан онҳоро супориш дод, ки бо чунин либос ба танфурӯшӣ машғул шаванд, то заноне, ки чунин либос мепӯшанд дар назари ҷомеа фоҳиша шинохта шаванд.

Роҳи дуюм, гузаронидани рейдҳои ошкоро, нақзи ошкорои қонун дар бораи манзил ва ҳамчун ҷинояткор ба қайд гирифтани занону духтароне, ки дар хонаашон чунин сарулибос мепӯшанд ва ё либоси маъмулии худ – рӯймоли каллонро истифода мекунанд.

Роҳи сеюм, супориши шахсии Раҳмон дар вохӯриҳояш – рондани занҳое, ки дар сар рӯймол ё либоси мазҳабӣ доранд аз ҳамаи корхонаҳо, аз ҷумла аз соҳаи маориф!

Роҳи чорум, аз бозорҳо рондани чунин занон.

Ва дар умум зери таъқибу таҳқиру дашному пурсишҳои пайдарпай қарор додани заноне, ки аз чунин либос истифода мекунанд.

Мақомоти амниятиву пулисии Раҳмон аз вуҷуди занҳои сабукпои дар хидмати ВКД буда, инчунин аз ҳисоби донишҷӯён митингу эътирозҳои тарҳрезишударо барпо карда, дар ибтидо ба нишастҳои Кабириву аъзоёни ҳизбаш, баъди бастани ҲНИТ-у зиндонӣ кардани теъдоде аз сарони он ва фирори Кабирӣ, барои сангборон кардани манзили мухолифон истифода мекунад.

Ҳамчунин аз вуҷуди занҳои алоҳида, ба хусус ҷавондухтарон барои ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ намудани мухолифон истифода мешавад. Аз ин шеваи ноҷавонмардона барои тӯлонӣ ҳабс кардани Зайд Саидов, ки мехост ҳизби наверо ба қайд бигирад ва барои пул ситонидан аз садҳо нафар соҳибкорону тоҷирон истифода шудааст.

 

ИЛМ ДАР ХИДМАТИ РЕЖИМ

Режими Раҳмон на танҳо дар интихоби имомони масҷидҳо ва зери назар нигоҳ доштани руҳониён одамони худашро бо ришу салла ороста интихоб мекунад, балки тамомии донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмӣ, олимони алоҳадро низ ба хидмат гирифтааст. Академияи илмҳои Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муборизаи “илмӣ” ба муқобили мухолифон ва маҷмуан расму одату фарҳангу дини мардум табдил дода шудааст.

Дар назди ин Академия таъсис додани “Маркази оянданигарӣ ва худшиносии миллӣ” аз тарафи КАМ далели гуфтаҳои болост.

Режими Раҳмон андешаҳои файласуф Бекзода ва шогирдонашро ба манфиати худ ва давому бақои худ фаҳмида, онҳоро бо додани маошу ваъдаҳои дигар ба кор гирифт.

Роҳбари ин марказ профессор Ҳ. Бобоёров фақат бо далели мухолифати андакаш барои эълони “пешвои миллат”, ки хилофи арзишҳои демократӣ хонда мешуд, аз кор ронда шуд ва ба ҷои ӯ шогирди дигари Бекзода роҳбар гардид.

Ин марказ низ ба муқобили рӯзноманигорон, мухолифони режим, шахсони алоҳида, барномаҳои ҲНИТ, дину мазҳаб мақолаҳои зиёде навишта, боиси баста шудани ҲНИТ, ба таври гуруҳӣ боздошту зиндонӣ шудани сарони он ва дар умум азобу машаққатҳои ҷисмониву равонии ҳазорҳо оила гардидааст.  

 

ЛИСТИ “ХОИНОН ВА ДУШМАНОНИ ВАТАН”

Режими Раҳмон ҳар шахсеро, ки андаке эътироз мекунад бо туҳмати “хоин”, “душмани ватан”, “ватанфурӯш”, “хизматгори хоҷаҳои хориҷӣ”… туҳмат мекунаду мавриди таъқиб қарор медиҳад.

Зафар Сӯфӣ – рӯзноманигор, шоир ва муассиси нашрияву сомонаи сиёсӣ-иттилотии “Озодагон” борҳо мавриди ҳуҷуми матбуотии ходимони режим қарор гирифт. “Душман” будани ӯро аз ному фамилияаш оғоз карда, то кор карданаш дар Эрон, ҳамкориҳояш бо Кабирӣ ва ғайраро дар мақолаҳои режим шумора карданд.

Бо таҳдиди қатли зану фарзандонаш ӯро маҷбур карданд, ки аз ифтитоҳи телевизион дар Осиёи Марказӣ (марказаш дар Бишкек – пойтахти Қирғизистон) даст кашад. Ҳоло ӯ дар яке аз кишварҳои ҳамҷавор аст ва имкони бозгашт ба ватанро надорад.

Шоир, тарҷимон ва рӯзноманигор Темур Варқӣ низ мисли Зафари Сӯфӣ мавриди туҳмат қарор гирифта, имкони бозгашт ба Тоҷикистонро надорад. Бозгашти ӯ ба Тоҷикистон маънои зиндон шудани ӯро дорад.

Листи “Душманони Ватан”-ро профессор Бобохонов Раҳим бо супориши режим тартиб дода дар саҳифаҳои фейсбукии худ нашр кард. Бобохонов дар Масков гӯё ба корҳои илмӣ машғул аст.

Маҳалгаро будани режими Раҳмон аз “рӯйхатти сиёҳ”-и Бобохонов низ ошкор аст. Аввал ин, ки ӯ бо ҳар баҳонаву васила шахсони машҳури дигар вилоятҳои Тоҷикистонро ба ғайр аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи Марказ мавриди “танқид” қарор дода, дар ниҳоят “душман” будани онҳоро баровардааст. Мақолаҳои ғаразноку бадбинонаи ӯ нисбати Фарзонаи Хуҷандӣ, Бахтиёр Аминӣ ва дигарон гувоҳи қавл аст.

Дар листи тартибдодаи ӯ низ аксари “душманони Ватан”-ро сокинони Шимоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар “рӯйхати сиёҳ”-и ӯ, ки бе шубҳа барои мақомоти қудратии Тоҷикистон таҳия шудааст, номҳои профессор Сафар Абдуллоҳ, нависанда Абдуқодири Рустам, шоирону рӯзноманигорон Фарзонаи Хуҷандӣ, Исфандиёри Назар, Исфандиёри Одина, Бахтиёр Аминӣ, Дориюши Раҷабиён, Умеди Ҷайҳонӣ, Абдуманнон Шералиев, Макс Мулоқанд, Масъуда Акилова, Назиршо Каримов, Файзинисо Воҳидова, Ойниҳол Бобоназарова омадаанд. Дар листи тартибдодаи ӯ номи даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар бо шумули ҳар касе узви ҲНИТ бошад, омадааст.

Ба муқобили Раҳим Бобохонов ва листи тартибдодаи ӯ ҳафтаномаи “Фараж”, “Имрӯзнюс”, “Озодагон” ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ мақолаҳои эътирозӣ  ба чоп расониданд, вале мақомоти дахлдор нисбати ӯ чорае надиданд.

Листи тартибдодаи Раҳим Бобохонов ҳаёти садҳо нафарро ба хатар меандозад.

 

ХУЛОСА

Нишасти Варшава ҷомеаи рушанфикрон, озодихоҳон ва мухолифони режими худкомаи Раҳмонро умедвор мекунад, ки имкони тағйири оромона дар сохти ҳукуматдории Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Мухолифони режим умед доранд, ки бо дарки воқеияти режими Раҳмон кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Британия ва созмонҳои байналмилалӣ нишасти дигареро ба роҳ мемононанд ва чораҳои муассире меандешанд.

Пеши роҳи худкомагии Раҳмонро гирифтан, дасти ӯро аз кумакҳои сиёсиву фанниву молии худ кӯтоҳ кардан ба манфиати Тоҷикистон ва ояндаи рушани мардуми он аст.

Мухолифони сиёсӣ ҳеч гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ набуданду нестанд. Агар ҷанге сар мезанад, кори дасти худи режими Раҳмон аст, зеро ӯ борҳо гуфта буд:

“Мо бо хун омадаем, бо хун меравем!”

Нуъмони Ғоибназар,

Варшава

28-уми сентябри соли 2016

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?