Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода либоси кормандони ин ниҳодро зери тозиёнаи танқид гирифт ва зердастонашро вазифадор намуд, ки бидуни либоси расмӣ ва галстук ба кор наоянд.
Пирзода гуфтааст, ки ҳар касе бегалстук меояд, аз дари идораҳои марбут ба кумитаи мазкур иҷозати ворид гаштан дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол таъкид мегардад, ки дар даромадгоҳи бинои телевизион ва радиои Тоҷикистон посбонҳои махсус гузошта хоҳанд шуд, ки либоси журналистон ва соири кормандони техникиро санҷида, агар ба дастури раиси кумита мувофиқ бошанд, иҷозати ворид шудан хоҳанд дод.
Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки журналистон дар ҷомеа оинаи миллат ҳастанд ва бо либосҳои кӯчагӣ ба кор омадан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир гардидани эшон таҳаммулнопазир аст.
Гуфта мешавад, ки Маҳмадсаид Пирзода дар ҳоле ба ин амал дастур додааст, ки “Пешвои миллат” дар як баромади худ аз либоси кормандони телевизион ва радио нороҳат шудааст ва онҳоро мазаммат намудааст, ки дар эфир бо либосҳои гуногун пайдо шуда, ҳангоми танзими барномаҳо ҳаракатҳои беҷои ба сабтомада ислоҳ намегарданд. Дар натиҷа ҳусни намоишномаҳо коста, сафи бинандагон низ рӯз аз рӯз коҳиш меёбанд.
Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистону Ӯзбакистони ҳамҷавор кайҳост, ки ин масъала ҳал шуда, бо либоси ғарбии намоишгари аъзои бадан ба эфир пайдо гаштани барандагони телевизион қатъиян манъ шуда, пӯшидани либосҳои миллӣ роиҷ гардидааст.