Сардори филиали “Тоҷиксуғурта”и Шаҳринав Шариф Каримов аз ин пешниҳод дар як мақолаи худ дар рӯзномаи “Тоҷикистон” сухан ба миён овардааст ва таъкид кардааст,ки дар пули 1000 сомонӣ беҳтар мебуд, сурати Эмомалӣ Раҳмон нашр бигардад.
Ба қавли ҷаноби Каримов, Раҳмон барои ободии Тоҷикистон ҳиссаи арзандае гузоштааст ва барои шинохти тоҷикон ва Тоҷикистон дар ҷаҳон хидмати бесобиқа анҷом додааст. Вай мутмаин аст, ки “Пешвои миллат” барои Тоҷикистон сулҳ овард ва гурезаҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз хориҷ бо талоши ӯ ба ватан баргаштанд.
Ба навиштаи сардори филиали “Тоҷиксуғурта”и Шаҳринав барои чунин хидматҳои шоён Раҳмон чун президенти сулҳовар ҳақбар аст, ки дар 1000 сомонии пули миллӣ сураташ нашр гардад. Коршиносон мегӯянд, барои парастиши шахсияти “Пешвои миллат” боз як даричае кушода шуд ва эҳтимол меравад, ин пешниҳоди Шариф Каримов, сардори филиали “Тоҷиксуғурта”и Шаҳринав дар ВАО и ҳукуматӣ гарм истиқбол шуда, дар байни мардум «тарафдорони» зиёд пайдо бикунад.
Дар зудтарин фурсат корхонаҳои саноатӣ, Иттиҳодияҳои эҷодӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ низ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, дили президентро ба ин амал “моил” хоҳанд сохт. Агар “Пешвои миллат” иҷозат бидиҳад, мақоми ӯ аз устод Айниву Бобоҷон Ғаффуров, Исмоили Сомонӣ ва Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ болотар мегардад.