Чуноне, ки қаблан иттило дода будем рӯзи 21-уми сентябр соати 22-и шаб, як гурӯҳ кормандони КДАМ ба хонаи модари Ҷаннатуллоҳи Комил — Кулова Саймо рафта ӯро маҷбур карда буданд назди дурбини телевизион баромад кунад.
Фардои он рӯз он наворро сабт карда буданд. То ҳанӯз маълум набуд, ки модари 71-солаи Ҷанатуллоҳ дар навор чӣ гуфтааст, вале имрӯз фейкҳои КДАМ он наворро расонаӣ карданд.
Дар ин навор модари Ҷанаутллоҳ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба ватан баргардад. Ва ҳамон суханҳои сиёҳнависи КДАМ-ро, ки ҳамаи сӯҳбаткунандагон дар наворҳо онро такрор мекунанд, азёд мехонад. Насби ғайрикасбиву суханҳои такрорӣ собит мекунанд, ки ҳарчӣ ин модар гуфтааст, зери фишор гуфта шудааст. Ҷолибтарин нуқтаи ин навор он аст, ки Саймо Қулова ба писараш Ҷанутллоҳ мегӯяд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор наорад. Ба назар мерасад ба ӯ гуфтаанд гӯяд, ки ба мо фишор намеоранд, вале ӯ хато кардаву фарзандашро мегӯяд, ки ба ҳукумат чаро фишор меорӣ.
Модари Ҷанатулоҳи Комил қиссаи талхе дорад, к зулми зиёде аз дасти Фронти халқӣ ва режими Раҳмон дидааст. Бо изни Худованд ба зудӣ қиссаи талхи ҳаёти ин модарро нашр хоҳем кард.
Худи Ҷанатуллоҳи Комил дар саҳифаи фейсбукиаш ба ин навори КДАМ чунин посух гуфтааст:
Модарам! Ба ту ифтихор дорам.
Муддати 10 рӯз мешавад, ки мақомоти амниятии ноҳияи Данғара болои модар, бародарон ва наздиконам паёпай фишор меоварданд, то ба фоидашон ҳарфе бизанад. Аммо Худоро шукр, ки боз ҳам ба ҳадафи палид ва нопокашон нарасиданд. Дар ин муддат ҳар қадар кӯшиш карданд, ки модари азиз ва нури чашмонам, пешвояшонро » Ҷаноби олӣ ва пешво» гуфта ба забон биёрад, аммо муваффақ нашуданд.
Модарҷонам! Ҳамин устувории шумо бароям садсолаҳо дарси устуворӣ ва мубориза алайҳи диктатура ва золимон мебошад. Модарҷонам! Медонам, ҳадаф аз қайд карданат, ки «20-25 сол аст дар амну амон зиндагӣ дорем», маро аз гузаштаи талх ёдовар карданат аст. Бале, ҳамон рӯзҳое, ки (солҳои 90-ум) фақат дар муддати шаш моҳ
- Падарам Хидматуллоҳ;
- Бародарам Сайфуллоҳ;
- Бародари 3 солаам Суннатуллоҳ;
- Хоҳари 5 солаам Фотима;
- Амаки модарам Мирзоев Пирмуҳаммад
- Писарамакам Шерхон;
- Амакам Ширинбек
ва тақрибан беш аз 20 нафари дигар аз наздиконам, бо дасти ҳаминҳо ба шаҳодат расида буданд.
Медонед, бародарон! Дар назди чашмони худам додари 3 солаамро аз дасти модарам гирифта ба замин заданд ва додари тифлам ба шаҳодат расид.
Акнун ин гургҳои даранда дар пӯстини гӯсфанд боз ба назди модари пирам омада ӯро маҷбур ба сӯҳбат кардан мекунанду ба мо дарси сулҳу оромӣ медиҳанд.
Охир аблаҳиву аҳмақиву нодониву ҷоҳилӣ ҳам ҳаду канор дошт.