Дар ин авохир мақомоти Тоҷикистонро густариш ёфтани ифротгароӣ дар байни аҳолии қаламрав хеле нигорон намудааст. Хоса пайвастани мардуми ӯзбактабори ҷумҳурӣ ба сафи созмонҳои ифротгаро ҳукуматро ба андеша бурдааст.
Ин аст, ки онҳо алайҳи ин раванд усулҳои гуногуни муборизаро пеш мегиранд. Масалан, гуфта мешавад, ки барои тарғиби сиёсати алайҳи ифротгароӣ аз забони модарии ин ақвом кор мебаранд, ки дар собиқа дида намешуд. Акнун мақомот тасмим гирифтаанд, ки алайҳи терроризм бо забони ӯзбакӣ мубориза эълом намоянд ва онҳо умедворанд, ки ин усули кор муассир хоҳад омад ва мардум бо забони модарии худ дар бораи хатари ифротгароӣ бештар маълумот гирифта, аз пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро даст мекашанд.
Хабаргузориҳо менависанд, ки чунин як чорабинӣ дар миёни ҷавонон ва соири аҳолии ноҳияи Қубодиён роҳандозӣ шудааст, ки аксари аҳолии ин минтақаро мардуми ӯзбакбатор ташкил медиҳанд. Омори расмӣ ҳокист, ки аз байни ӯзбакони Қубодиён нафарони зиёде ба Сурия рафта, ба ДИ ҳамроҳ шудаанд ва дар сафи размандагони ин созмон муқобили режими Башор Асад меҷанганд. Гуфта мешавад, ки аз як деҳаи ин ноҳия бо номи Қизилнишон 13 нафар ба Сурия рафтаанд ва теъдори умумии он нафароне, ки дар ин кишвар дар ҷангҳо ширкат меварзанд, аз Қубодиён 74 нафар будааст ва таъкид мегардад, ки дар байни онҳо 9 нафар зан ва кӯдакони ноболиғ низ кам нестанд.
Ҳоло мақомоти интизомӣ дар қиболи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудаанд ва дар пайгарди пулис қарор додаанд. Теъдоди аъзами ба дар сафи ДИ рафтагон аз Қубодиён ӯзбактаборанд ва ин мақомотро боз ҳам нигарон намудааст. Коршиносон мегӯянд, нигаронии ҳукумати Тоҷикистон аз қазияи пайвастани ӯзбакони қаламрав ба ДИ дар ҳолест, ки Дар Ироқу Шом ӯзбакони кишвари Ӯзбакистон низ кам нестанд ва ҳатто Ҳизби исломии ин кишвар, ки замоне аз фишори марҳум Ислом Каримов ба хориҷ гурехта, муддате дар Афғонистон ҷангида, баъд ба Сурия рафтаанд, дар ин минтақа обрӯ доранд. Ба гуфтаи коршиносон ин омил Душанберо ба андеша овардааст ва кунун мақомоти тоҷик масъулони ҷамоату ҳукуматҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои ҷавонон, занон ва руҳониёну имомхатибонро водор мекунанд, ки тарғиботро дар Қубодиён ва соири минтақаи узбакнишини ҷумҳурӣ ба забони ӯзбакӣ анҷом диҳанд, ки дар гузашта аксар вақт ба тоҷикӣ сурат мегирифт.