Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо14 нафар муҳоҷири корӣ аз боздоштгоҳ фирор намуданд

14 нафар муҳоҷири корӣ аз боздоштгоҳ фирор намуданд

Хабаргузориҳои русӣ иттилоъ доданд, ки аз боздоштгоҳи муваққатии муҷоҷирони корӣ воқеъ дар шаҳри Гатчинаи вилояти Ленинград 14 нафар фирор намудаанд. Онҳо девори боздоштгоҳро дар ошёнаи аввал ба 1 метр рахна намуда, соати панҷи саҳар, вақте ки ҳама масти хоб будаанд, ба озодӣ баромадаанд ва маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Руссия пас аз таҳқиқи пешакии қазия гуфтааст, ки дар байни фирориён ду нафар тоҷикистонӣ ҳам ҳастанд ва боқӣ 12 нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбакистон будаанд.

Ин муҳоҷирони кориро пулиси Сангт Петербург ва вилояти Ленинград барои нақзи қавонини будубош ва ҷой доштани мушкил дар аснодашон боздошт ва то замони ихроҷ аз қаламрав дар боздоштгоҳи Гатчина нигоҳ медоштанд. Пулиси минтақа мегӯяд, айни ҳол 6 нафар фирориро боздошт ва ба боздоштгоҳи низомаш шадидтар интиқол додаанд. Аммо фирориёни боқимонда ҳанӯз дар озодӣ буда, пулис онҳоро ҷустуҷӯ мекунад.

Гуфта мешавад, пулис акнун сабабҳои фирори муҳоҷирони кории боздоштгардидаро таҳқиқ мекунад ва бештар он қазияро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки ба ин фирор кӣ кӯмак намудааст. Ҳодисаи фирори муҳоҷирон аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар Санкт Петербург нав нест. Қаблан ҳам аз як боздоштгоҳи ин шаҳр воқеъ дар Красное Село шаш муҳоҷири боздоштгардида аз ошёнаи шашум рӯкашҳои ҷойхоби худро буридаву ба шакли ресмон оварда, аз ҳамон баландӣ ба замин мефароянд ва фирор мекунанд.

Фирори муҳоҷирони корӣ аз боздоштгоҳи вилояти Ленинград дар ҳолест, ки ҳафтае қабл мақомоти интизомии Руссия эълом дошта буданд, ки барои ихроҷи боздоштшудагон ба ватанашон маблағ дар буҷаи худ надоранд ва аз депортатсияи онҳо муваққатан даст мекашанд. Боздоштшудагон то тасдиқи буҷа барои соли 2017 дар боздоштгоҳи муваққатӣ интизори депортатсия ба ватан хоҳанд монд.

Ҳолшиносон мегӯянд боздоштгоҳҳои муҳоҷирони корӣ ба ҳадде пур шудааст, ки пулиси қаламрав аз боздошти дигар муҳоҷирон низ худдорӣ менамояд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика