Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБоздошти ҳамсари Собир Валиев

Боздошти ҳамсари Собир Валиев

Ҳамсари Собир Валиев, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дар фурӯдҳои байналмилалии “Манас”-и Қирғизистон боздошт шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари Собир Валиев- фаъоли сиёсии тоҷик субҳи имрӯз, 2-юми октябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар пойтахти ин кишар боздошт шудааст.

Субҳи имрӯз Собир Валиев ба “Озодӣ” гуфтааст, ки модари ҳамсараш бемор буд ва ба хотири парастории ӯ хонум Ҷаннат озими Қириғизистон шуд, вале аз фурӯдгоҳ ғайб зад. Хеле талош карданд, то бо ӯ тамос бигиранд, вале ин имконият барояшон даст надодааст. Сипас тавассути дӯстонаш маълум кардааст, ки хонум Ҷаннат Ҳамзаеваро кормандони КДАМ-и Қирғизитон боздошт кардаанд.
Айни замон адвокати шинохтаи Бишкек хонум Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони «Кылым шамы» ва дигар ҳамкоронаш аз Қириғизистон қазияи Ҷаннат Ҳамзаеваро пайгирӣ мекунанд.

Ба иттилои сомонаи “Kloop.kg”, субҳи имрӯз кормандони КДАМ дар Бишкек хонаи модари Ҷаннат Ҳамзаеваро мавриди кофтукоб қарор дода, ба баҳонаи имрӯз якшанбе-рӯзи истироҳат аст, ба ҳеч ваҷҳ нахостан дар бораи сабабҳои ин боздошт бо адвокатҳо суҳбат кунанд.
Вакилони дифои Ҷаннат Ҳамзаева ба ин манбаъ гуфтаанд, ки то ҳол барояшон сабабҳои аслии ин боздошт номаълум боқӣ мондааст ва дақиқ намедонанд, ки ба хотири чӣ ин хонум боздошт шудааст ва ӯро бо чӣ иттиҳоме боздошт кардаанд? Кӣ масъули парвандаи ин хонум аст?
Собир Валиеви 28-сола, зодаи шаҳри Душанбе ва шаҳрванди Қирғизистон аст, ки баъд аз қатли марҳум Умаралӣ Қувватов, раҳбари фақиди Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” дар шаҳри Истнабули Туркия дар моҳи марти соли 2015 ба ҳайси муовини ин “Гуруҳи 24” бо раҳбарии Шарофиддин Гадоев интихоб шуд.
30-юми январи соли ҷорӣ бо анҷоми як табаддулот дар дохили Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” ин гуруҳ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Собир Валиев, ки зери раҳбарии Шарофиддин Гадоев кор мекард, як ҷиноҳ ва ҷиноҳи дигари ин гуруҳ бо раҳбарии Суҳроб Зафар ташкил гардида, ҳар ду ҷиноҳ айни замон худро ворисони аслии ин ҳаракат медонанд.
Айни замон Собир Валиев бар иловаи муованат дар ҷиноҳи Шарофиддин Гадоев дар вазифаи муовини Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон низ бо раҳбарии журналисти шинохта ҷаноби Додоҷон Атовуллоев фаъолиятҳои сиёсии худро анҷом медиҳад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика