Аз таҷлили бошукӯҳи 25 умин солгарди иди Истиқлоли Тоҷикистон як моҳ гузашта бошад ҳам, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо роҳандозии аксияи “Шириниҳои Шарқ” дар ҷануби кишвар ба тарғиби сиёсати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷавонон, хоса кӯдакону наврасон машғуланд.
Ин ниҳоди қудратӣ дар боғи истироҳативу фарҳангии шаҳри Кӯлоб ин аксияро баргузор намуда ва аз номи “Пешвои миллат” ба кӯдакону наврасон яхмосҳо тақдим сохтааст. Гуфта мешавад, дар ин авохир ВКД и Тоҷикистон бо яхмос дили кӯдаконро “шикор” мекунад ва ба ин роҳ мехоҳад, ки номи “Бобои Эмомали”ашон дар хотираи насли оянда ба ҷовидон нақш бандад. Ин чоплусии милисаҳои кишвар ҳамтоҳои худро дар кишварҳои дигар ба ҳайрат меоварад ва баъзан ба лабханд мегӯянд, ки вожаи “милиса” ва “шириниҳо” чунон ба ҳам зид ҳастанд, ки гӯё ду тарафи ба ҳам муқобили як оҳанрабо бошанд.
Гуфта мешавад, яхмостақсимкунии ин ниҳоди қудратӣ дар ҳолест, ки “Пешвои миллат” ба ин минтақа сафари хидматӣ дошт ва аз шаҳру навоҳии Хатлон дидан намуда, мардумро ба “шукрона гуфтан” даъват менамояд ва ҳушдор медиҳад, ки ба ҳар навъ созмонҳо напайванданд ва ба сулҳи қоим дар кишвар арҷ гузоранд. ВКД чун ҳамеша дар канор намемонад ва то худро дар пеши Раҳбари давлат ширин намояд, аз номи ӯ ба кӯдакону наврасон шириниҳо тақдим мекунад. Чунин як аксия дар Кӯлоб дар гузашта, яъне 19 уми июли соли ҷорӣ низ роҳандозӣ шуда буд. Аз ин пеш ба шарафи рӯзи байналмиллалии кӯдакон вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Рашт ба кӯдакону наврасон яхмос тақсим намуда, таъкид намуда буд, ки ин тӯҳфаи “Пешвои миллат” аст.