Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз хоҳад дод. Аммо гуфта мешавад, ин ҳанӯз як тарҳе дар рӯи коғаз аст, ки ин ниҳоди молиявӣ ба баррасӣ гирифтааст ва дар он замон ба Тоҷикситон хоҳад интиқол дод, ки шартҳои вайро пурра бипазирад. Намояндае аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳанӯз шартҳои пешниҳодмешуда аниқ нест ва онҳоро мутахассисон муҳокима доранд ва дар сурати омода гардидан шартҳои дақиқ расонаӣ хоҳанд шуд.
Таъкид мегардад, ки мақомоти Тоҷикистон барои аз бӯҳрон раҳо додани бонкҳои азими кишвар ба ниҳодҳои молиявии ҷаҳон рӯ овардаанд ва чун ҳамеша дасти садақа ба сӯи кишварҳои абарқудрат дароз намудаанд. Вазъи бӯҳронии бонкҳои кишвар рӯз аз рӯз меафзояд. Гузориши Сандуқи байналмиллалии пул ҳокист, ки вазъ дар ин соҳа ҳанӯз аз соли 2014 рӯ ба харобӣ оварда, кунун хеле шиддат пайдо кардааст.
Дар гузориши охири ин ниҳод омадааст, ки ду бонки Тоҷикистон тавони падохтро гум кардаанд. Тоҷиксодиротбонк ва Тоҷпромбонк аз ҷумлаи ин бонкҳо буда, алҳол таҳти нуфузи Бонки миллӣ қарор доранд ва бо кӯшиши Бонки миллӣ барои беҳтар кардани низоми кор дар идораи он тағйирот ба мал омад. Моҳи майи соли равон дар ҳар ду бонк низ раҳбарони муваққатӣ таъин намуд, аммо гуфта мешавад, ин чорабиниҳо муассир набуданд ва бӯҳрон боз ҳам шадидтар гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон сабабҳои бӯҳронӣ гаштани фаъолияти бонкҳои бузурги ҷумҳуриро дар он мебинад, ки раҳбарони онҳо ба хатоҳо роҳ додаанд.
Аз ҷумла Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар он назар аст, ки раҳбарони бонкҳои мазкур на барои беҳбуд бахшидани вазъи молияӣ, балки бо сохтани иморатҳо машғул гардидаанд ва маблағи мавҷударо ғайриоқилона хараҷот кардаанд. Ин аст, ки бунёдҳои молиявии ҷаҳонӣ ба шаффофияти кори бонкҳои Тоҷикистон бовар надоранд ва агар маблағе бидиҳанд, бо шартгузориҳо хоҳанд дод.
Эҳтимол меравад, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) аз Тоҷикистон талаб намояд, ки менеҷменти бонкҳо ва шаффофияти кори онҳоро ба роҳ монад. Дар сурати иҷро нашудани ин шартҳо ба Тоҷикистон қарз нахоҳад дод. Назар ба маълумотҳо, бо миёнаравии Бонки миллӣ дар Биританияи Кабир ва Тоҷикистон нишасти намояндагони масъули Тоҷиксодиротбонк ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) баргузор гаштааст. Коршиносони ин соҳа мегӯянд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) дигар ба бонкҳои Тоҷикистон бовар надорад ва агар қарз ҳам медиҳад, ба ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дод, зеро аз ҳукумат минбаъд рӯёнидани қарз осонтар аст. Айни ҳол таҷаммӯи муштариён барои гирифтани маош тариқи кортҳо дар назди биноҳои Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ба мушоҳида мерасанд ва манзара далели он аст, ки ҳанӯз бонкҳои мазкур барои пардохти маошу амонатҳои мардум омода нестанд ва як вазъи риққатоваре доранд. Ёдовар мешавем, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои Тоҷикистон хеле кӯмак кардааст ва зиёдтар аз сад тарҳро дар ин кишвар сармоягузорӣ намудааст ва дар пояи амалӣ сохтани ин тарҳҳо ҳудуди 606 миллион эвро пул додааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон 12 дарсади саҳмияҳои Агроинвестбонк дар дасти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) мебошад ва мақомоти бонки мазкур дар ин авохир умедвор ҳастанд, ки ин ниҳоди молиявӣ бидуни шартгузорӣ қарз хоҳад дод.