Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоВиталий Мутко: Маросими мусалмонон дар моҳи шарифи Рамазон ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳонии...

Виталий Мутко: Маросими мусалмонон дар моҳи шарифи Рамазон ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳонии футбол халал мерасонад.

Вазири варзиши Руссия Виталий Мутко дар як муроҷиаташ ба раҳбарони вилоятҳое, ки соли 2018 чемпионати ҷаҳонии футбол ва соли 2017 Кубоки конфедератсия дар қаламравашон баргузор мегарданд, даъват ба амал овард, то дар моҳи шарифи Рамазон маросими умумию дастаҷамъӣ, ба монанди ифтор, намозҳо ва ғайраҳоро манъ намоянд ва ё вақти баргузории онҳоро тағйир диҳанд.

Дар ин бора телеканали Life  хабар дода, гуфтааст, ки ин даъвати Мутко барои амнияти шаҳрвандон, хоса мардуми мусалмони қаламрав ба амал омадааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон барои адои маросими марбут ба ин ин моҳи саид ҷамъ меоянд. Аммо коршиносон дар он назаранд, ки вазири варзиши Руссия аз он нигарон шудааст, ки таҷаммӯи мусалмонон барои баргузории адои намозу ифтор ва дигар маросим ба рафти сабқати ҷаҳонии футфол халал мерасонанд.


Аммо як рӯҳонии мақомдори Ҷумҳурии Тотористон Рафиқ Муҳаммедшин дар ин робита гуфтааст, ки дар кадом ҳолате набошад, иди Рамазон таҷлил мегардад. Вай гуфтааст, мутмаин нест, ки ба ин ҷашн ягон тағйирот дохил гардад, чун дар масоҷид саҳарии барвақт намоз гузошта мешавад ва он ба ягон чорабинии мақомот халали ҷиддӣ ворид нахоҳад сохт.


Дар ҳамин ҳол таъкид мегардад, ки намози иди Фитр дар Тотористон соли оянда дар масҷиди Кул-Шарифи Қазон бо раҳбариии муфтии қаламрав баргузор хоҳад гашт ва дар он раҳбарони ҷумҳурӣ, мири шаҳри Қазон ва дигар меҳмонони шаҳр иштирок хоҳанд намуд. Соли 2016 дар намози иди Рамазон 154 ҳазор мусалмон гирдиҳам омаданд.


Дар Тотористон аввалин ифтори дастаҷамъӣ ба шарафи моҳи шарифи Рамазон соли 2011 дар майдони Ҳазорсолагии Қазон баргузор шудааст ва дар он 1500 нафар ширкат доштанд. Минбаъд дар стадиони “Қазон арена” ин чорабиниҳо гузаронида шуда, сафи мусалмонон ҳам сол аз сол афзудааст. Соли равон барои 10 ҳазор нафар мусалмон дар “Қазон арена” хони ифтор густарда шуд, ки гуфта мешавад, 10 миллион рубл хараҷот дошт.


Дар назар аст, ки дар шаҳри Қазони Тотористон соли 2017 се бозии Кубоки конфедератсия рӯзҳои 18, 22 ва 24 июл баргузор хоҳад шуд. Ин ҷумҳурӣ дар соли 2018 дар чаҳорчӯби баргузории чемпионати ҷаҳонии футбол мизбони  сабқати якҳашт филан дар 30 юми июн ва нимфинал дар 6- уми июл хоҳад гашт.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика