Friday, July 18, 2025
ads
HomeХабарҳоҶамъи зиёди рӯзноманигорону намояндагони созмонҳо оғози мурофиъаи Ёровро ба таъхир андохтааст

Ҷамъи зиёди рӯзноманигорону намояндагони созмонҳо оғози мурофиъаи Ёровро ба таъхир андохтааст

Имрӯз, 6-уми ноябр бояд ҳукми Бузургмеҳр Ёров, вакили шинохтаи дифоъ эълон шавад. Мурофиъа бояд соати 9-и субҳ оғоз мешуд, аммо то ҳанӯз саршавии он маълум нест.

Сабаби таъхир чун ҳарвақта, ҷамъшавии зиёди рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмиллаливу корпусҳои дипломатӣ аст, ки имрӯз аз ҳарвақта бештар ҷамъ шудаанд. Атрофи биноро муҳофизини яроқнок печонидаанд ва касеро иҷозат намедиҳанд ба дохил ворид шавад.

Кормандони додгоҳ гоҳ-гоҳ аз тирезаи ошёнаи дуюм ба ҷамъшудагон нигоҳ мекунанд. Касе то ҳанӯз расман сабаби ба таъхир афтодани мурофиаро эълон накардааст. Баъзеҳо тахмин мезананд, ки он шояд ба рӯзи дигар гузаронида шавад.

Овардани муҳофизони мусаллаҳ дарак аз он медиҳад, ки мақомот аз ҷамъшавии мардум хавф доранд. Вале то ҳанӯз намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мардуми оддӣ кам ба назар мерасанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?