Friday, July 18, 2025
ads
HomeХабарҳоИсми 40 000 ҷаллоди замони сталинӣ ошкор гашт

Исми 40 000 ҷаллоди замони сталинӣ ошкор гашт

Баъд аз 15 соли канду ков ва омӯзиши бесобиқаи авроқи таърих ба кормандони созмони байналмиллалии “Мемориал” даст додааст, ки исми 40 000 ҷаллоди замони табъиди сталиниро ошкор намоянд.

Феҳрасти ин ҷаллодон дар китобчае бо номи “Дарси таърих” гирдиҳам оварда шудааст, ки асосан кормандони НКВД мебошанд ва дар сафи онҳо кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ, марзбонӣ ва дигар идораҳо, ки ба репрессияи мардум алоқадор буданд, низ ҳастанд ва онҳо рутбаҳои ҳарбии гуногун доранд.
Гуфта мешавад, ки раҳбари ин лоиҳа Ян Рачинский, сарвари созмони “Мемориал” и Маскав мебошад ва ба гуфта ӯ ин китобча ба сифати раҳнамо хидмат хоҳад намуд.
Дар рӯйхат исми ҳамонҳое оварда шудаанд, ки дар солҳои 1935 ва 1939 дар идороти дахлдор кор мекарданд ва онҳо бевосита барои куштори саросарии мардуми бегуноҳ дар замони ҳукмронии Сталин муҷрим ҳастанд. Он солҳо дар таърих бо номи Террори калон машҳур аст, ки ҳазорҳо нафарро дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ ба коми худ кашида буд.
Таъкид мегардад, ки одамоне, ки дар рӯйхати “Мемориал” омадаанд, дар ин куштор бевоста иштирок кардаанд, ё даст доштаанд ва ё фармони онро содир намудаанд. Албатта, дар байни кушташудагони бегуноҳи солҳои табъиди сталинӣ тоҷикон низ кам набуданд ва кунун бо ифшои исми ҷаллолони он солҳо мо низ хоҳем омӯхт, ки аҷдоди маҳкум ба маргшудаамон, ки аксарашон мусалмонони намозхону худотарс будаанд, бо дастӣ кӣ ба қатл расидаанд.

Нашри ин китобча огоҳие барои ҷаллодони режими Раҳмон ҳам ҳаст, ки таърих ҳеҷ чизеро фаромӯш нахоҳад кард ва ҷаллодону кӯмаккунандагони золимон на танҳо худашон, балки чанд пушташон ҳам рӯсиёҳ хоҳанд буд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?