Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоПаёми табрикотии Паём.нет ба Эмомалӣ Раҳмон

Паёми табрикотии Паём.нет ба Эмомалӣ Раҳмон

Қарор буд, мо ин паёмро дирӯз нашр кунем. Вале бо ин далел, ки дирӯз тамоми тамаллуқкорони Раисҷумҳур ӯро табрик мекарданду ба осмони ҳафтум мебардоштанд, тасмим гирифтем паёми табрикотии худро як рӯз дертар нашр кунем, чун аз он баландие, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмонро тамаллуқгарон бардоштанд, шунидани паёми мо барояш мушкил мешуд.

Ҷаноби Раисҷумҳур!

Инак шумо 24 сол аст, ки дар садри давлати тоҷикон қарор доред ва сол аз сол идораи онро бештар ба қабзаи худ мегиред. Шумо як кишварро ба моли шахсии худ табдил додаед ва мардумашро ҳам қариб саросар ғуломи худу хонаводаатон кардаед. Ҳар касе ба ин ғуломи тан надод душман ва хоини миллат эълон шудаанд. Гӯё миллат шумо бошед. Як кишвар ва 8 миллион мардуми он 24 сол аст, ки рӯ ба таназзул ниҳодаанд ва сол аз сол ҳолашон бадтар мешавад. Бо вуҷуди таърифҳоятон аз пешрафтҳои Тоҷикистон, ки дар паёмҳоятон садо медиҳад, худатон ҳам медонед, ки кишвар ҳеҷ пешрафте накарда, баръакс рӯ ба нобудӣ аст. Агар намедонед, мо бароятон хотиррасон мекунем, ки афзудани мошинҳои сабукрав, телефонҳо, яхдону дигар асбобҳои рӯзгор дар муқоиса бо замони шӯравӣ, ё аз замин ҳосили тарбузу харбузаву каду ва сабзиву пиёзу картошка гирифтани деҳқонон пешрафт ҳисоб намешаванд.

Хуб, мо намехоҳем алъон дар ин бора сӯҳбат кунем. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Аз хидматҳои шумо ҳам намегӯем, онҳоро ҳам ҳама медонанд. Воқеъан шумо дар омадани сулҳу ваҳдат ба кишвар саҳм доштед, чун як тарафи он будед. Вале он саҳме, ки гузоштед ва заҳмате, ки барои сулҳ кашидед, миллионҳо баробар аз бинии мардуми бечора кашидед. Тарафи дигари сулҳро пурра террор кардед ва нишоне аз ваҳдат дар кишвар боқӣ намонд. Тамоми мансабҳои давлатиро ба хонаводаву наздикону ҳамдеҳаҳоятон тақсим кардед.  Дуртарин хеши шумо аз ҳисоби ғорати мардуми бечора миллионер шуд, чӣ расад ба фарзандону ҷияну хусурбачаҳоятон. вале мавзӯи паёми мо ин ҳам нест, чун инро ҳам ҳама медонанд, аз ҷумла худатон.

Ҷаноби Раисҷумҳур!

Шумо бояд 20 сол қабл истеъфо медодед. Он вақт номатон дар таърих чун раисҷумҳури сулҳовар мемонд ва барои асрҳои аср қаҳрамон мебудед. Вале ин корро накардед ва ҳар рӯзи ҳукумататон номатонро сиёҳтар мекунад. Ин ки тамаллуқкоронатон шуморо таъруифу тавсиф мекунанду ба дараҷаи шоҳӣ баровардаанд ва беҳтарин расиҷумҳури дунё мехонанд, худатон ҳам медонед, ки дурӯғе беш нест. Аз дурӯғашон ҳам бигзарем. Шумо медонед, ки баробари аз ҳукумат рафтанатон, хоҳ мисли Каримов ва хоҳ мисли Қаззофӣ ҳамин гурӯҳе, ки алъон шуморо ба осмони ҳафтум бардоштааст, ба қаъри замин хоҳад зад. Шумо ягон дӯст надоред. Инро худатон ҳам медонед. Мо мутмаъинем, ки шумо шабҳо дуруст хоб намекунед ва ҳар лаҳзаи умратон бо тарси аз даст додани ҳукумат ё террор шудан аз тарафи дарбориёнатон мегузарад. Шояд ҳатто ба фарзандонатон итминон надоред. 

Шумо ба синни 64 расидед. Дар ин син мардум ба нафақа мераванд, то дар пирӣ дами беғам зананд. Албатта ба нафақа рафтани шумо бароятон хатарикалон дорад, мо инро мефаҳмем. Худатон ҳам. Ва ҳама медонанд. Бинобар ин мо ба шумо пешниҳод дорем. Ҳамроҳ бо хонаводаву хешу таборатон як ҷазираро дар уқёнуси ором бихаред ва аз ҳисоби пулҳои ғораткардаатон чӣ миқдоре, ки то охири умр ба худатону фарзандонатону наберагонатон мерасад, бардореду ин миллати мазлуми бечораро раҳо кунед. Бовар кунед, ҳам худатон осуда мешавад ва ҳам 8 миллион тоҷик хушбахт мешавад. Мо мефаҳмем, ки ҳукумат ширин аст ва тамуллуқу саҷдаи дарбориёнатон аз он ширинтар. Вале ин ҳукумат абадӣ нест. Як рӯз поёнаш фаро мерасад. Хоҳ баъди 10 сол ва хоҳ баъди 10 рӯз. Вале он вақт дер хоҳад шуд. Худатон шоҳидед, ки оқибати худкомагоне мисли шумо бо чӣ меанҷомад. Вале шумо ҳанӯз ҳам шонси наҷот ёфтан ва каме сафед кардани номатонро дар таърих доред. Агар ин корро кардед, аз шумо чун раисҷумҳуре, ки аз ӯҳдаи кор набаромаданашро эътироф карду ба мардумаш шонси дигар дод, ёд хоҳанд кард. Гузашта аз ин, шумо ин миллати бечораву сарсонро, дар тӯли таърих рӯзи хушро кам дидааст, хушбахт мекунед. Шояд миллионҳо мазлум, ки имрӯз барои заволи ҳукумататон дуъо мекунанд, он вақт барои оқибати хайратон дуъо кунанд.

Бо умеди ин, ки соли оянда зодрӯзатонро бидуни мардуми тоҷик ва дур аз Тоҷикистон ҷашн хоҳед гирифт, ҳайати эҷодии Паём.нет

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика