Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандар Саидзода, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро, ки ҳангоми гирифтани 50000 доллар пора дастгир шуда буд, ба 11 сол зиндон маҳкум кард.
Искандар Саидзода аввали моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дастгир шуда буд. Он вақт Оҷонсии мубориза бо фасод иттило дода буд, ки Саидзода аз як гумонбаршуда барои сабук кардани ҷазояш 110000 доллар талаб кардааст.
Аммо охири моҳи июл ин додраси ноҳияи Рӯдакиро гӯё барои баргардонидани маблағи пораи гирифтааш ва касалии саратон доштанаш аз боздоштгоҳ озод намуданд. Вале Оҷонсӣ шарҳ надода буд, ки Саидзода кадом маблағро баргардонидааст, дар ҳоле, ки ҳангоми гирифтани маблағ дастгир шуда буду он маблағ ба ҳайси далели шайӯӣ дар Оҷонсӣ қарор дошт.
Саидзода 12 августи солӣ ҷорӣ бо фармонӣ Раисҷумҳур аз вазифааш барканор шуда буд.