Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДороро кӣ зад: милиса ё фаррош?

Дороро кӣ зад: милиса ё фаррош?

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон оид ба ҳодисаи латукӯби рӯзноманигори ҳафтаномаи Фараж “тафтишот” анҷом дода, муайян кардааст, ки Дороро дар идораи ШКД ягон корманди ВКД латукӯб накардааст.

Дар баёнияи ВКД дар ин мавзӯъ чунин омадааст:

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба латукӯб шудани рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ рӯзи 18-уми сентябри соли 2016 иттилоъ медиҳад, ки аз рӯзи дар сомонаҳои хабарӣ нашр гаштани ин ҳолат ва ҳамчун бо арзи бевоситаи рӯзноманигор ҳодисаи мазкур фавран таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтинанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯ ба рӯ кардан бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло рӯзноманигор изҳор дошт, ки ин шахсро намешиносад ва пеш надидааст.

Дар рафти санҷиши ҳолати кор маълум гашт, ки дар ҳақиқат ҳолати мазкур ҷой доштааст. Барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро латукӯбнамуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуданд. Худи рӯзноманигор кормандеро, ки ӯро латукӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон, дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст. Барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом, рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод карда шуд.

ВКД ҳолати воқеии корро дақиқ намуда, барои мунсифона санҷиш ва баҳогузорӣ шудани ҳолати мазкур маводҳоро барои идомаи санҷиш ва баровардани қарори ниҳоӣ ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол намуд. Баъзе аз расонаҳои хабарӣ иттило додаанд, ки маълумоти дақиқ оиди ҳодиса ва шахсияти корманди рӯзноманигорро лату кӯб карда доранд. Барои пурра ва объективона анҷом ёфтани тафтишот аз расонаҳои мазкур даъват карда мешавад ва инчунин тибқи қонунгузорӣ уҳдадоранд, ки маълумотҳои доштаашонро вобаста ба ин ҳолат ба ВКД ё Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳамкорӣ бо ҷомеа ҳамеша омодааст ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.”

Аз ин “хулосаи тафтишотӣ”-и Вазорати корҳои дохилӣ чунин хулоса бармеояд, ки дар сурати аз тарафи ягон милиса латукӯб нашудани Доро, дар ҳоле, ки ин вазорат ҳодисаи латукӯби рӯзноманигор дар идораи ШКД-ро иқрор мекунад, касе аз кӯча Дороро оварда дар идораи милиса латукӯб кардааст. Аммо он шахси номаълум кӣ бошад? Хуб Доро ку дар байни милисаҳо латукӯбкунандаашро нашинохт, аммо он чанд милиса ҳам, ки ҳангоми латукӯб ҳузур доштанд, он нафарро нашинохтанд?

Ҷаноби Рамазон Раҳимзода! То кай ниҳоди шумо мардумро аҳмақ мепиндорад?

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика