Ҳукумати Раҳмонов аз ончи дар САҲА (ОБСЕ), ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон гузашт хеле нигарон аст ва лузум намебинам аз он чь дар рафти конфронси ин созмон гузашт, такрор кунам, зеро ҳамагӣ хуб огоҳед. Ҳукумати Раҳмонов дар рафти ин конфронс чи амалҳои хашинеро бар сари мухолифон ва ширкаткунандагоне, ки ҳаққу ҳуқуқи худро талаб карданд, анҷом дод, ки ин ҳамаро муфассал дар ҳашт бахш меорам:
1. Дар навбати аввал ба хонаҳои ҳар як аз онҳо кормандони амниятро фиристоданд, то ба писар, бародар, падарашон фаҳмонанд, ки “ба ҳукумат фишор наоранд” (иқтибос аз суханронии маҷбурии модари Ҷаннатуллоҳи Комил).
2. Духтар, модар, писар ва наздикони онҳоро бо худ бурданд, то ширкаткунандагони конфронс дигар обурӯрезӣ накунанд.
3. Чун диданд ин ҳам суд накард, донишҷӯёнро бо хатсайрҳо назди хонаи онҳо бурданд ва фармуданд, ки аввал бо шиорҳои “Хоин”, “Номард” ва дигар суханони қабеҳ баромад кунанд, баъдан бо тухму помидор ба дару девори онҳо зананд. Ҳатто то он ҳад ба хонаводаҳои мухолифон фишор оварданд, ки модари яке аз ширкаткунандагон Абдусамад Абдусаторов, зани 67 сола, дар натиҷаи пурсиши зиёд аз тарс шаҳид гашт. Ариза ва шикояти ҳамсари зиндонӣ Раҳматуллоҳи Раҷабро напазируфтанд. Даъво карданд, ки чунин автобус бо донишҷӯёнро дар шаҳри Душанбе касе надидааст.
4. Чун ҳайати Ҳукумат зери роҳбарии Зариф Ализода шармандавор конфронсро тарк кард, дар ҳама донишгоҳҳо донишҷӯёнро ҷамъ намуданд то алайҳи “хоинон” тазоҳурот кунанд. Сипас роҳпаймоӣ намуда, то назди бинои САҲА рафтанд ва аксҳои устод Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва дигар мухолифонро оташ зада, ба дарвозаи САҲА ҳамла оварданд ва бо ҳар тарзе, ки хостанд дарвозаро куфтанд.
5. Чун диданд ин кор низ бенатиҷа анҷомид, роҳи дигарро пеша карданд. Шӯрои амниятиро даъват намуданд ва тӯҳмати қадимаи худ ва ягона шиорашонро алайҳи САҲА истифода бурданд. САҲА бо терористон ҳамкорӣ дорад ва мебояд дафтари ин созмонро баст!
6.Ахиран анҷоми ин ҳама амалҳоро бенатиҷа диданд ва иҷборан “Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”-ро ба сафарҳои хидматӣ фиристоданд, то аз мардуми ба ҷон расида мабодо ба дод наоянд ва тазоҳуроти воқеъиро шуруъ накунанд.
7. Дар рӯзҳое, ки ин конфронс идома дошт, ҷаноби Бек Зуҳуров, раиси хадамоти алоқаи кишвар бо як нома ба тамоми ширкатҳои алоқа ва мобилӣ фармуд шабакаи интернетро заиф созанд ва нагузоранд мардум дар ютуб ва фесбуку одноклассники ворид шаванд.
8. Чун диданд бо ин ҳама фишор, зулму ситам ва таҳдидҳои болохонадорашон обрӯи набуда мерезад, рӯзи 7 октябр Шӯрои ҷамъиятиро дарҳол даъват карданд ва бо як баёнияи мисли ҳамеша дурӯғинашон аз САҲА оромона хоҳиш намуданд, ки бо терористон ҳамкорӣ накунед. Мо давлати мустақил ва ҳуқуқбунёду демократиро монда, чаро бо як гурӯҳ терорист ҳамкорӣ ва аз онҳо ҷонибдорӣ мекунед? Ба онҳо иҷоза додед дохили толор гаштанд ва обрӯи моро дар ҷаҳон аз миён бурданд. Мо худ медонем бо онҳо чӣ кор кунем! Шуморо ба масъалаҳои дохилии мо тоҷикон чӣ кор аст?
Бубинед, ҳукумати Раҳмон як зани фоҳишаро мемонад. Аввал зориву тавалло кард чун дид нашуд зӯриро раво дид ва боз дид бо говзӯр намешавад дубора ба ҳолати аввала баргашт.
Хитоб ба шахси Раҳмонов:
-Наход созиш кардан ва озод гузоштани мардуми кишвар бароят то ин ҳад мушкил бошад?
— Наход як ҳизберо, ки қариб умри туро дорад ва як тарафи сулҳи тоҷикон буд ва ҷонибдору аъзои содиқи зиёде дошту то ба ҳол дорад, натавонӣ бо чашми хирад бинӣ?
-Наход аз суқуту заволи ҳукуматҳои гузаштаву имрӯз панд нагирӣ?
-Наход танҳо худ ва хонаводаатро вориси якумраи ин мулку ин миллат хонӣ? Магар дар миёни ин миллат аз ту дида бартар касе нест?
— Наход фикр накунӣ, ки то ҳол ҳарчи кардӣ бо қарз ва кӯмаки хориҷиҳо ё грантҳо буд, ки анҷом додӣ. Аз ҳама захираву имкониятҳое, ки ин мулки зарфишон дорад истифода наметавонӣ бурд?
-Наход миллате, ки худ аз минбарҳои боло садо баланд мекунӣ, ки 99% мусалмон аст дин, мазҳаб ва шаъну шарафашонро поймол созӣ?
-Наход масҷид, мадраса, ҳиҷоб, азон, риш, суханони шаръии олимони ин миллатро ба куллӣ мамнуъ эълон дорӣ ва боз даъво кунӣ, ки Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона аст?
Фаромӯш масоз, ки марг ҳақ аст ва ҳатман меояд! Мо ба сакароти маргат, қабрат, саволу ҷавобат, ва он чӣ дар сарои Қиёмат ба сарат меояд кор надорем, зеро Аҳкамулҳокимине дорем, ки барои ҳукми ту Худ қодиру тавоност ва Ӯ ҳаргиз бандагонашро чуноне, ки ту фикр мекунӣ раҳо намекунад. Ӯ моро дӯст медорад ва мо ҷуз Ӯ дигар муттако ва хоҷаҳои хориҷие, ки шумо мегӯед ва бо ин гуфтаи хеш гӯши оламро кар кардаед, надорем!
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ҳадиси Қудсӣ мефармояд: “Битарсед аз дуои мазлум, савганд ба иззату ҷалолам пирӯзат мегардонам (эй мазлум), агарчӣ пас аз замоне ҳам бошад”.
Содиқи масдуқ Муҳаммади амин салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод, мефармояд: “Ба дурустие, ки бадтарини мардумон дар Рӯзи Қиёмат назди ман онҳое мебошанд, ки мардумон аз бадияш (озору азияташ) таркаш намуданд”.
(Мутафақун алайҳ)
Раҳмонов!!! Ба худ биё! Аз шарру зулм ва ситами ту беш аз ду миллион ҳамватани мо, ки раияти ту ҳастанд аз ту фирор карданд. Агар ҳанӯз ҳам панд напазирӣ, (дигар намедонем) пас аз сини 64, кай панд хоҳӣ гирифт!
Саъдии Шерозӣ дар ин боб хеле хуб мефармояд :
Подшоҳе ку раво дорад ситам бо зердаст,
Дӯстдораш рӯзи сахти душманӣ зӯровар аст.
Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкар аст.
Ё худ шоире аз араб мегӯяд:
Зулм накун агарчи ба анҷоми он қодиру тавоноӣ,
Оқибати зулм бидуни шак пушаймонист.
Ту осуда мехобӣ, аммо чашмони мазлум бедор аст,
Мазлум дуо мекунад ва чашмони Аллоҳ бедор аст.
Мавлавӣ Муҳиддини Ҳанафӣ