Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоҲузури размандагони тоҷику ӯзбак дар ҷангҳои Кундуз

Ҳузури размандагони тоҷику ӯзбак дар ҷангҳои Кундуз

Мақомоти Афғонистон бо нигаронии ҳарчи бештар изҳор доштаанд, ки дар ҷангҳои шадиди Кундуз тоҷикону узбакони ду ҷумҳурии Осиёи Марказии бо ин кишвар ҳамҷавор- Тоҷикистону Ӯзбакситон фаъолияти бештар доранд. Дар ин даргириҳо размандагони “Ансоруллоҳ”- и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ширкат доранд ва ҷабҳаҳои ҷангро зери назорат гирифта, муқобили нерӯҳои амниятии Афғонистон муҳориба мекунанд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон — Давлат Вазирӣ ба расонаҳои хабарии кишвараш гуфтааст, ки раҳбарони аслии ҷанги Кундуз алайҳи низомиёни давлати Афғонистон “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва ҲИУ- и Ӯзбакистон мебошанд. Вай таъкид кардааст, ки “Дар даргириҳои вилояти Кундуз ҷангҷӯёни африқоӣ, покистонӣ, филиппинӣ, бангладешӣ ва аз Чину Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд ва бо нируҳои амниятӣ ва дифои кишвар меҷанганд”.
Вилояти Кундуз бо Тоҷикистон ва Ӯзбакситон ҳамсарҳад мебошад ва ба тасдиқи ин манбаъ мардуми тоҷику ӯзбаки кишварҳои ҳамсоя маҳз дар ҳамин минтақа фаъолтар ҳастанд ва дар қиболи нерӯҳои амниятии Кобул муқовимати шадид нишон медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки  рӯзи 3 -юми октябр аз чаҳор тараф размандагони Толибон ба шаҳри Кундуз ҳамлавар гашта, нерӯҳои амниятии ҳукуматро ба танг оварданд ва шаҳрро ба даст гирифта, парчами худро барафроштанд. Назар ба маълумоти зидду нақизе, ки мерасад, ҳини даргиро зиёдтар аз 2000 ҳазор нафар ҷон бохтаанд, ки аксар аҳолии осоишта мебошанд.
Гуфта мешавад, то имрӯз ба мақомоти амниятии Кобул муяссар нагаштааст, ки Кундузро аз ҳузури Толибон пок кунанд. Даргириҳои рӯзҳои охир ба он овардааст, ки ҳазорҳо нафар мардум хонаву ҷойи худро ба далели ноамниҳо тарк намуда, ба вилоятҳои дигар ва Кобул бигурезанд. Дар ин бора намояндагони СММ низ хабар додаанд.
Сайидмаҳмуд Дониш, сухангӯи волии вилояти Кундуз ба хабарнигорон гуфтааст, ки байни нерӯҳи низомии ҳукумат ҳамоҳангии қавие мавҷуд аст ва Толибон дар зудтарин фурсат аз Кундуз ронда хоҳанд шуд. Аммо мардуми гуреза ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ҳукумати Кобул барои поксозии Кундуз чораи муассире намебинад ва дар сурати идома пайдо кардани ҷангҳои хонумонсӯз боз ҳам мардуми зиёде тарки хонаву дар мекунанд.
Асадуллоҳ Умархел, волии Кундуз гуфтааст, ки ба мардум кӯмакҳои башардӯстона мерасанд ва ҳукумат нерӯи кофӣ дорад, ки Толибонро аз шаҳр берун созад ва зиндагии осударо дар ин минтақа барқарор намояд.
Дар пайи ноамниҳои рӯзҳои охири вилояти Кундуз ва шаҳри ҳамноми он нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош оварда шудаанд, аммо ба тасдиқи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хоки кишвар ягон ҳамлаи ногаҳонӣ ва партоби мушаку тирҳо аз ҷониби размандагони Толибон ба мушоҳида нарасидаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика