Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАввалин масҷиди тоҷикон дар Аврупо

Аввалин масҷиди тоҷикон дар Аврупо

Бино бар хабарҳои расида дар шаҳри Дортмунди Олмон як масҷиди панҷвақтае ташкил гардидааст, ки созмондиҳандагони он тоҷикони муқими ин кишвар мебошанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки тоҷикон дар Олмон маркази фарҳангие низ боз намудаанд, ки “Нур” ном дорад.


Раҳбари ҷамъияти тоҷикон Абдуқодир Аминӣ гуфтааст, ки “Нур” ба қарибӣ оғоз ба фаъолият намуд ва як созмони комилан фарҳангӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ҷаноби Аминӣ “Ин ҷамъият барои тоҷикон, сарфи назар аз минтақа, қавм, маҳал, забон, тафаккури сиёсӣ ва ғайра созмон дода шудааст ва ба ягон ташаккули сиёсӣ ё гуруҳ рабте надорад.”


Таъкид мегардад, ки дар чаҳорчӯби оинномаи ҷамъияти мазкур тоҷикон чорабиниҳои фарҳангӣ, ки хоси ин миллат аст, баргузор мекунанд ва ба ин роҳ маданияти миллии худро ба аҳли Олмон намоиш хоҳанд дод. Барои аз фарҳанги тоҷикона бархурдор гардидани фарзандонашон ва худшиносии миллии онҳо дар оянда ин ҷамъият нақши муҳим хоҳад бозид.


Абдуқодир Аминӣ афзудааст, ки масҷиди панҷвақтае  бо номи “Тақво” низ кушодаанд ва тоҷикони муқими Олмон намози рӯзи ҷумъаро дар он адо менамоянд. Масҷид ва ҷамъияти фарҳангӣ имкон хоҳад дод, ки тоҷикон гирдиҳам биёянд ва аз зиндагиву кори худ дур аз ватан бохабар гарданд. Гуфта мешавад масҷиди “Тақво” дар Аврупо аввалин масҷидест, ки аз ҷониби тоҷикон созмон ёфтааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика