Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоОмодабоши ҳастаӣ! Ҷаҳон ба куҷо меравад?

Омодабоши ҳастаӣ! Ҷаҳон ба куҷо меравад?

Хабари омодабоши ҳастаии Русияро 248  хабаргузории Русия нашр кардаанд. Пештар аз ин дар як филми мустанади кутоҳ В. Путин президенти Русия гуфта буд, ки дар замони оғози ҷанги Укроин, ба хусус дар замони гирифтани Қрим ҳам ба фикри ба ҳолати омодабош даровардани яяроқҳои атумиаш будааст.

Аммо пас аз авҷ гирифтани таниш миёни Русия ва ИМА  имрӯз 248 хабаргузории Русия навиштаанд, ки Путин дастури омодабоши кишварашро барои як ҷанги эҳтимолии атомӣ содир кардааст. Ин фармон дар шаҳри Санкт Петербург ба имзо расидааст ва ҳатто миқдори хурока ва тарзи тақсими он ҳам барои мардум баррасӣ шудааст.

Ба навиштаи сомонаи “Реплия.нет” як ҳафта пеш аз ин Русия тамрини истифода аз яроқҳои биологӣ ва химиявиро низ баргузор кардааст. Ин дастури худро Путин барои ҳимоят аз Русия унвон кардааст.

Пас аз ҷанги сард ба назар мерасад бори дигар Русия мехоҳад нишон диҳад, ки он ҳоло ҳам як қутби ҷаҳон аст. Дар Сурия дар асл чанд соле ҳаст, ки ду кишвари бузург дар ду тарафи даргириҳо ҳастанд. Ҳатто натавонистанд  барои оташбас дар Сурия ҳам бо ҳам тавофуқ намоянд.

Ҳоло чашми тамоми ҷаҳон ба ин ду кишвар духта шудааст. Русия ва Амрико ду қудрати бузурги атомии дунё  ҷанги севвуми ҷаҳонро  оғоз хоҳанд кард? Оё ин бор яроқи ҳастаӣ чи балое ба сари мардуми ҷаҳон меоварад ва киро ҳадаф қарор медиҳад? Боз ҳам қурбонии ҷанги ин ду абарқудрат мардуми Ховари миёна хоҳанд буд? Ё инки инбор кишварҳои якдигарро ҳадаф қарор медиҳанд?   Инро вақт нишон хоҳад дод

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика