Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоВокуниши зиндонбонҳо дар бораи саломатии Муҳаммадалии Ҳайит

Вокуниши зиндонбонҳо дар бораи саломатии Муҳаммадалии Ҳайит

Зиндонбонҳои тоҷик мегӯянд, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти интизомӣ шиканҷа нашудааст ва вазъи саломатиаш ҳам ваҳим нест.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Саёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, сару садоҳо дар бораи лату кӯби шадид дидани Муҳаммадалии Хайит ва дар пайи он бад гаштани вазъи саломативу равонии ин зиндонӣ ҳақиқат надоранд. Вай афзудааст, зиндониён ҳамеша шароити буду боши хуб доранд ва бо ғизои гарму либоси озода таъмин ҳастанд.

Илҳом Маҳмудов гуфтааст: “Ягон мушкиле нест, ҳамин овозаи росту дурӯғро мегиранд, паҳн мекунанд. Ҳамааш тенҷ аст, ман ҳайрон мешавам ба ҳамин хел гапҳо”. Аммо сабаби роҳ дода нашудани вакили дифо ва наздиконаш ба назди Муҳаммадалии Ҳаит ва нарасидани ҳеҷ иттилое аз ӯро шарҳ надодааст.
Дирӯз як манбаи мӯътамад ба Паём.нет иттило дод, ки Ҳаит бо дасту пои шикаста дар ҳуқраи якнафарии торики зиндон нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеҷ кӯмаки тиббие барояш расонида намешавад.

Илҳом Ёқубов, фаъоли ҲНИТ мегӯяд, “афсӯс, ки бовар кардан ба ҳарфҳои Маҳмудов мушкил аст. Агар мушкиле дар маҳбасхонаҳо  нест чаро дар ҳамин нимаи моҳи август ду нафар – Қурбон Манонов ва Ташрипов   дар маҳбасхона бо таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расиданд? Айнан ҳамин ҳарфҳоро масъулин оиди вазъи саломатии  рӯзноманигор Сайфуллоҳзода ҳам гуфта буданд, вале бадтар маълум шуд, воқеан   саломатии Сайфулоҳзода вахим буддаст, ки баъдан ба беморхона интиқол додаанд. Бо дар ҳуҷраи зебову барҳаво нишаста “Ягон мушкилӣ нест” гуфтан масъала ҳалли худро намеёбад, ҷомеа ва бахусус хонаводаи М. Ҳайит , ҷонибдорони ӯ ва  созмонҳои байналмиллӣ ба ин ҳарф бовар намекунанд. Пеш аз ҳама ба ин масъалаҳо бояд ваколатдори ҳуқуқи инсон Ализода Зариф таваҷуҳи махсус медод, вале афсӯс, ки дар маҳбасхонаҳо инсонҳо бо таври мармуз вафот мекунанд, шиканҷаҳо ҷой дорад, пойи маҳбус мепӯсад вале аз ӯ ягон садое нест. Ва ахиран агар рост мегӯянд барои чӣ вакилон, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва болотар аз ин хонаводаашро моҳҳо ба наздаш роҳ намедиҳанд?”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика