Ин пирамард 72 сол дошта, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст ва бар асари як нохушӣ ҷони худро аз даст додааст. Вайро қатори мусофирбари Маскав-Душанбе зер кардааст ва ин мӯйсафедро ҳозирон бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон инқиқол додаанд, аммо захмҳои хунин ва устухонҳои резаи ӯро табибон илоҷ карда натавонистанд ва дар наҷита ҷабрдида ҷон додааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар кардааст ва назар ба гуфтаи як масъули ин ниҳоди қудратӣ ҳодиса се рӯз пеш аз ин, яъне 9 уми октябр рух додааст. Ба таъкиди ин манбаъ, ронандаи қатора марди 56 сола буда, дар бари ӯ боз ёрдамчие ҳузур доштааст, ки вай 31 сол доштааст.
Ҳодиса дар километри 4621 пикети №1-и истгоҳи роҳи оҳани “Айнӣ-Душанбе” ба амал омадааст. Ҳанӯз мутахассисон сабабҳои ин ҳодисаи нохушро меомӯзанд ва гуфта мешавад, ронандагони қатора гунаҳкор бошанд, ҷазо хоҳанд гирифт.