Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоДерипаска ва ширкаташ Тоҷикистонро падруд гуфт

Дерипаска ва ширкаташ Тоҷикистонро падруд гуфт

Намояндагии ширкати «Русал»-и Русия фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ин ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл, ки соли 2004 бо ваъдаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як корхонаи дигари истеҳсоли алюминиум дар Данғара вориди Тоҷикистон шуда буд, аз кишвар рафтааст.

Шамсиддин Гулов, як масъули намояндагии расмии ширкати “Русал” дар Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр гуфтааст, ки  “намояндагии ширкати Русал дар Тоҷикистон баста шудааст. Ҳамаи коргарон охири моҳи август ҷавоб дода шуданд. Ҳоло ин намояндагӣ расман фаъолияташро қатъ кард ва дигар кор намекунад.”

Ин масъули ҳамакнун собиқи “Русал” дар Тоҷикистон аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард. Як нафари дигар аз намояндагони ин ширкат ба Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфтааст “сабаби аслии тарки Тоҷикистон кардани “Русал” дар ин аст, ки ширкат дар инҷо барои пешбурди бизнеси худ дурнамоеро намебинад”. Ба таъкиди манбаъ, вазифаи аслии дафтари “Русал” дар Тоҷикистон ҳал кардани баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ бо ТАЛКО буд ва чун баҳси ҷонибҳо ахиран бо сулҳ анҷомид, зарурате барои будан намонд.

Тоҷикистон дар соли 2004 пойгоҳи назоратии “Окно”-ро дар Норак ба Русия дод ва Маскав дар иваз ба Душанбе ваъда дод, ки давоми 7 соли минбаъда то 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон он замон дар ҳузури раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо “Русал” қарордодеро имзо кард, ки ин ширкатро муваззаф мекард то 560 миллион доллар ба сохтмони Роғун ва 160 миллион барои бунёди корхонаи нави алюминиум дар Данғара сармоягузорӣ мекунад.

Аммо дар соли 2007 бар асари ихтилоф сари мавзӯи баландии садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ҷониби Тоҷикистон якҷониба ин қарордодро бо “Русал” лағв кард. “Русал” баъдан ба ваъдаи дигараш ҷиҳати сохтмони корхонаи нави алюминиум дар Тоҷикистон вафо накард.

Ба дунбол ширкати Олег Дерипаска дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиум — ТАЛКО — СDH Investment — ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Баъдан, Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”, ширкати дигари мутааллиқ ба Олег Дерипаскаро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор кард. Кумитаи андоз гуфт, молики қаблии “Созидание” ширкати қибрисии WTT Hotels one Limited соли 2008 саҳмияҳояшро ба ширкати дигари қибрисии “SUNLINK LIMITED” фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро пардохт накардааст.

Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурд, вале ин додгоҳ дар моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард. Дар ниҳоят Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор пардохти қарзи андози ширкатҳои марбут ба Дерипаскаро ба дӯши ТАЛКО вогузор кард. Қароре, ки дар ниҳоят боиси созиши Талкову Русал шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика