Як хонуми 24 солаи рус гуё мавриди ҳамлаи ду муҳоҷири корӣ дар истгоҳи Саритсинои Маскав қарор гирифта таҷовуз шудааст.
Ин ду мард хонумро, ки истиқоматкунандаи шаҳраки Подолски вилояти Маскав будааст, ҳини баромадан аз истгоҳи метрои Саритсино пайгирӣ намуда уро медоранд ва кашида ба пушти қуттиҳои ошғоли сари роҳ мебаранд ва онҷо таҷовуз мекунанд.
Дар ин бора пойгоҳи хабарии Лайфниюз хабар додааст.
Манбаъ мегуяд: Хонуми ҷабрдида баъди ба ҳуш омадан ба кормандони истгоҳи метро хабар медиҳад. Барои ин хонум кормандони метро ёрии таъҷилӣ ва пулис даъват мекунанд. Пулиси Маскав ҳини ҷустуҷӯ ду нафар мардро бо иттиҳоми таҷовуз боздошт мекунанд. Инҳо Нурулло Сафаров ва Наим Тошмуродов, ки ҳарду 20-сола ва гуфта мешавад шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Тибқи иттилои манбаъ тафтишот идома дорад.
Иззат Амон — ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Маскав мегӯяд, ба гумони ғолиб ин ду ҷавони тоҷик тӯҳмат шудаанд ва ба ин ҷиноят шояд ҳеҷ рабте надоранд. Чун ингуна ҳодисаҳо зиёд вомехӯранд, ки муҳоҷирони корӣ қурбони ин гуна дасисаҳо мешаванд.
Ӯ афзуд, бояд консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба ин қазия расидагӣ кунад ва ба ин ду ҷавон, ки шаҳрванди тоҷикистон мебошанд ёрии ҳуқуқӣ диҳад.
“Дар Русия бисёр ҳолатҳое мешаванд, ки бо таври сунъӣ ингуна ҷиноятҳо тарҳрезӣ шуда, барои барангехтани ангезаҳои нажодпарастӣ ва ба чашми мардуми таҳҷоӣ хашин нишон додани муҳоҷирони корӣ ба кор бурда мешавад” — таъкид намуд Иззат Амон