Назар ба маълумоти дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон дар иҷлоси имрӯз, 12 уми октябр намояндагони мардумӣ тағйиру илваҳоро ба Кодекси ҷиноятии кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар назар аст, ки дар моддаи 305 и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисми наве изофа гардад.
Гуфта мешавад, ин илова “хиёнат ба ватан” ном дошта, ҳар нафаре аз мансабдорони давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ ба он муҷрим дониста шаванд, ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум ва амволи онҳо мусодира хоҳад гашт. Аммо дар баъзе ҳолатҳои истисноӣ абадан маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти парлумони ҷумҳурӣ гуфтааст, ки тағйиру иловаҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия шуда барои муҳокима ва қабул ба Маҷлиси Намояндагон ироа шудааст. Вале ҳанӯз ҷузъиёти он маълум нест. Ин масъала ҳам норӯшан боқӣ мондааст, ки оё номгӯӣ аъмоле, ки “хиёнат ба ватан” ҳисобида мешаванд, бештар шудаанд ё на.
Масалан дуздии моли давлат ва аз он қасру кӯшк бино кардан, ба фарзандони худ тақсим кардани вазифаҳои давлатӣ, фурӯхтани қаламрави кишвар ба бегонагон, беэътиноии мақомот ба насби парчами давлати дигар дар хоки кишвар ва ғайра хиёнат ба ватан ҳисоб мешаванд ё хайр.
Агар ин тағйиру иловаҳо пазируфта шавад, минбаъд дар Тоҷикистон барои “хиёнат ба ватан” ҷазои ҳабси абад амалӣ мегардад.
Коршиносони соҳа мегӯянд, пас аз “ошӯб”-и генерал Ҳалимов дар соли гузашта ва айбдор гардидани як гурӯҳи мансабдорони давлатӣ ба ҷурми “хиёнат ба ватан” ин мавзӯъ мудом сари забонҳо буд ва кунун бо пешниҳоди ҳукумат ҷазо дар ин робита шадидтар гардида, вакилони мардумӣ онро баррасӣ ва бидуни дудилагие хоҳанд пазируфт.
Қаблан афроди “хиёнаткори ватан”-ро тибқи моддаи 30 юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум менамуданд, ки дар он аз 12 сол то 20 сол ҳабс намудан дар назар буд.