Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДалатзода бадшавии вазъи корхонаҳоро “таъсири омили беруна” номид

Далатзода бадшавии вазъи корхонаҳоро “таъсири омили беруна” номид

Тибқи иттилои раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, ки имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ҳузур пайдо кард, қарзи корхонаҳо ва соҳибкорон аз андоз дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.

Ӯ сабаби афзоиши қарзҳоро, ки дар нӯҳ моҳи солӣ ҷорӣ 125 миллион сомонӣ бештар шуда, ҳамакнун ба 825 миллион сомонӣ баробар шудаанд, бадшавии вазъи соҳибкорону корхонаҳо донист. Ба андешаи раиси Кумитаи андоз вазъи корхонаҳо бо “таъсири омилҳои беруна” бад шудаанд.  

Нусратулло Давлатзода гуфт ҳанӯз 30 дарсади андозсупорандагон бақияи қарзҳои худ назди андозро насупоридаанд. Ӯ ин иттилоро дар суханрониаш зимни муаррифии тағйиру иловаҳо “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ироа кард.

Ин тағйиру иловаҳо аз ҷумла ҷалб намудани мақомоти қонунгузорӣ ба раванди ҷалби пардохтҳои ҳатмӣ ба андозро низ пешбинӣ кардааст, ки Давлатзода мутмаин аст ин илова “масъулиятро дар пардохти андозҳо бештар мекунад”.

Аммо коршиносон мегӯянд пурзӯр шудани назорат аз болои соҳибкорону корхонаҳо, ки тағйиру иловаҳои мазкур низ ба он роҳ мекушоянд, сабаби фирори соҳибкорон аз кишвар мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика