Тибқи иттилои хабаргузории “Озодагон” кормандони комиссиарати ҳарбӣ, ки Бахтовар Маҳмадиеви 17 соларо латукӯб намуда буданд, бегуноҳ баромада, худи Бахтовар дар занозанӣ айбдор шудааст.
Аз додситонии ноҳияи Шаҳритӯс ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Бахтоваррро бо кормандони комиссариати ҳарбӣ рӯбарӯ кардаанд ва ӯ байни онҳо касеро нашинохтааст. Додситонӣ гӯё маълум кардааст, ки кормандони комиссиарати ҳарбӣ Бахтоварро назадаанд, балки худи ӯ бо корманди ҷамоъат занозанӣ карда абрӯи он кормандро дарондааст. Яъне мисли ҳамеша мехоҳанд аз ҷабрдида гунаҳкор созанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Бахтовар Маҳмадиев кормандони комиссиарати ҳарбӣ ба хонаи онҳо зада медароянд ва чун мебинанд, ки дар онҷо касе нест, пулҳои онҳоро дуздида мераванду ба Бахтовар занг зада мегӯянд, ки пулҳояшонро рафта гирад. Вақте меравад кормандони комисиарат ӯро ба мошине бор карда сахт латукӯб мекунанд, ки дар натиҷа сар ва биниаш осеб мебинад.
Вале акнун додситонӣ кормандони комиссиарати ҳарбиро бегуноҳ бароварда, мехоҳад худи Бахтоварро гунаҳкор барорад. Қаблан ба ҳамин шакл милисае, ки рӯзноманигор Доро Сӯҳробиро латукӯб карда буд аз ҷавобгарӣ озод шуд.
Ҷаноби додситони ноҳияи Шаҳритӯс! Шумо аз комиссиарати ҳарбӣ чанд ҳазор доллар пора гирифтед? То кай шумо аз дузди зӯр пуштибонӣ намуда соҳибони говро мебандед? Фикр мекунед барои ин ҷиноятҳоятон посух нахоҳед гуфт? Бидонед, ки агар ин ҳукумати ҷинояткор аз шумо дифоъ мекунад ва корди шумо алъон болои равған аст, ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки барои зулматон назди мардум посух хоҳед гуфт! Агар худи шумо ба он рӯз нарасидед, қиёмат ҳам ҳаст ва Худованд одил аст.