Бо иттилои як манба, мақомоти амниятиву интизомии шаҳри Хуҷанд дар ҷустуҷӯи калиди хонаҳои волидон ва бародарону хоҳари Илҳом Ёқубов ҳастанд.
Кормандони ин мақомот аз хешовандони Илҳом Ёқубов талаб кардаанд калиди хонаҳоро барояшон дастрас кунанд ва таҳдид кардаанд, ки дар акси ҳол дари хонаҳоро шикаста ворид хоҳанд шуд. Як шоҳид навиштааст, ки чанд корманди мақомот бори чандум аст, ки омада дару тирезаҳои хонаи бародари Илҳомро тафтиш мекунанд ва ба хешовандони ӯ занг зада калиди хонаро мепурсанд.
Ҳанӯз маълум нест мақомот бо хонаҳои хонаводаи Ёқубов чӣ кор карданианд, аммо қаблан онҳо таҳдид карда буданд, ки дар сурати аз муборизаҳои сиёсӣ даст накашидани Илҳом, хонаҳои онҳоро мусодира хоҳанд кард.
Пас аз ширкати Илҳом Ёқубов дар нишасти САҲА дар Варшава, фишори мақомот болои хонаводаи ӯ шиддат ёфта, модари пираш ва бародарону хоҳаронашро барои ду шабонарӯз боздошт намуданд. Баъдан “тазоҳургарон”-и амниятӣ назди хонаи волидони ӯ ҷамъ шуда шиорпартоӣ карда буданд, ки Илҳом Ёқубовро “хоини ватан” мехонданд.
Ба назар мерасад хонаводаи Ёқубовҳо тарки кишвар кардаанд. Бо пайдо кардани Илҳом Ёқубов, Паём.нет мусоҳибае бо ӯ анҷом хоҳад дод.