Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) амнияти 141 кишвари динёро санҷида ва ба хулоса омадааст, ки дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки мардум дар қаламрави он худро амнтар ҳис мекунанд ва зиндагии хушу хурсанде ба сар мебаранд.
Аммо назар ба раддабандии ин ниҳод Тоҷикистон аз нигоҳи амният ба мақоми 76 -ум сазовор дониста шудааст. Гуфта мешавад, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ 141 кишвари дунёро омӯхта, ҳангоми таҳияи ин гузоришу раддабандии давлатҳо бештар ба масоили мазкур эътибор додааст: вазъи ҷинояткорӣ якҷоя бо терроризму тундгароӣ, боварии мардуми қаламрав ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин қудрату тавоноии идораҳои низомӣ, аз ҷумла он вазорату кумитаҳо, ки барои амнияти хоки кишвар ва мардуми он ҷавобгар ҳастанд. Ин масоил мавриди омӯзиш қарор ёфта, феҳрест низ аз ҳамин нигоҳ мураттаб гардидааст.
Дар ҳамин ҳол ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, аз қабили Ӯзбакситону Туркманистон дар феҳрест ҷой надоранд ва WEF дар бораи ин кишварҳо маълумот нашр накардааст. Аммо Қазоқистон ҷаҳор зина пеш аз Тоҷикистон мақом ёфта ва дар феҳрест дар ҷои 72 қайд гардидааст. Амният дар Қирғизистон назар ба Тоҷикистон вазъ бадтар ҳисобида шуда, ин давлат дар мақоми 97 ум омадааст.
Финляндия дар раддабандии кишварҳои амн пешгом аст ва дар ҷои аввал қарор ёфтааст, Қатару Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷои дуюму сеюм гузошта шудаанд. Аммо Яману Нигерияву Колумбия дар поёни феҳрест омада, дар ин кишварҳо амнияти мардум хатарзо шуморида шудааст.