Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоЗиндониёни муттаҳам ба узви «Ихвонулмуслимин»афв намешаванд

Зиндониёни муттаҳам ба узви «Ихвонулмуслимин»афв намешаванд

Мақомоти додгоҳӣ дар вилояти Суғд эълом кардаанд, ки ҳукми маҳкумияти 5 имом хатиби масоҷиди шимоли кишвар, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин зиндонӣ шудаанд, коҳиш намеёбад ва ин афрод шомили қонуни афв низ намешаванд.

Шӯҳрат Аҳрорзода-раиси додгоҳи ноҳияи Конибодом  таъкид кардааст, ки дар ҳукми маҳкумияти ин 5 нафар, ки  ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд, таҷдиди назар ё тахфиф намешавад ва ин афрод мавриди афв қарор намегиранд.

Вай гуфтааст, ки ин 5 нафар тайи солҳои 2000 то 2010 дар донишгоҳи Алазҳари Миср омӯзиш дида ва ба гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуъи Ихвонулмуслимин пайвастаанд. Вай муддаӣ шудааст, ки ин 5 имом хатиби масоҷиди ноҳияи Конибодом ба иттиҳоми барандохтани низоъ дар Тоҷикистон ва мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ифротии Ихвонулмуслимин ба зиндон маҳкум шудаанд ва мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт. Ин 5 нафар дар баҳори соли ҷорӣ боздошт ва чанде қабл ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд. Хонум Файзиннисо Воҳидова- вакили мудофеи яке аз ин маҳкумшудагон мегӯяд, ки онон дар додгоҳ узвияти хеш дар созмони Ихвонулмуслиминро тайид кардаанд, вале иттиҳоми талош барои барангехтани низоъро тӯҳмат медонанд.

Фаъолияти Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар аз соли 2005 ба унвони созмони ифротӣ, мамнуъ мебошад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика