Ҳама интизор буданд, ки бо баробари аз олам гузаштани Ислом Каримов мардуми Ӯзбакистон сари калобаи худро гум мекунанд ва дар ҳоли парешоние қарор мегиранд, дар байни афроди тахтталаб, ки шумори онҳо кам нестанд, низоъҳо ба амал омада, кишвар ба кашмакашиҳои фоҷиабор гирифтор хоҳад омад.
Аммо пешгӯиҳои таҳлилгарон дар ин бора ба сифр баробар гашта, акнун ҳукумат баъд аз сари Ислом Каримов хеле мулоим ва ғайричашмдошти рақибон ба дасти нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев мегузарад. Шавкат Мирзиёев ҳарчанд аз шогирдони Каримов буда аст ва бо хосту мадади бевоситаи вай зина ба зина то мансаби нахуствазирӣ расида аст, аммо дар гузашта ҳамеша дар сояи устоди худ қарор дошт ва дар Ӯзбакиcтон ӯро на ҳама мешинохтанд. Ҳатто сурати ин мансабдори ӯзбакистонӣ дар ВАО-и маҳаллӣ кам дарҷ мегардид. Гуфта мешавад, ин амал метавонист ба рашки Ислом Каримов боис гардад. Зеро Каримов ҳар нафаре, ки дар байни халқ шинохта мегардид, бо ҳар усул дар роҳи вай ғавчӯб шуда, аз фаъолияти ояндаи ӯ ҷилавгирӣ мекард. Ба ин тартиб даҳҳо рақибони сарсахти ин сиёсатмадори худкома ба зиндон маҳкум шудаанд, ё аз ҳавли ҷон аз ватан гурехта, дар хориҷ ба сар мебаранд.
Ин аст, ки иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбакистон ва яке аз муддаиёни асосии курсии раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои нахустини вафоти Каримов кӣ будани худ ва ба чӣ қодир будани хешро бо як тактикаи хосе намоиш медиҳад. Ҳукумати Ӯзбакистонро ба оҳистагӣ ба даст оварда, бо ҳар роҳу воситае худро дар байни элитаи ин кишвар ва мардуми он ширин месозад. Вай дар байни мардум худро як раҳбари халқпарвар намоиш медиҳад ва гуфта мешавад, дар давоми ду ҳафтаи охир аз 13 вилояти Ӯзбакситон ба 8 тоаш расман ташриф оварда, аксари ҳокимони вилоятҳоро иваз намуд. Ҳамчунин ҳокимону шаҳру навоҳӣ, идораҳои қудратии маҳаллӣ бо имзои Мирзиёев барканор гардида, одамони “худӣ” ба сари мансаб омаданд.
Аммо вай ҳанӯз ба водии Фарғона сафар анҷом надодааст. Ин минтақа вазъи мураккаб дорад ва аз замони салтанати Каримов доғҳое рӯи дил гирифтааст. Воқеоти хунии Андиҷон дар моҳи майи соли 2005, ки то тирборони мардуми осоишта ва кушта шудани садҳо нафар бегуноҳ анҷом ёфта буд, ҳанӯз мардуми ин маҳалро дилмашғул нигаҳ медорад ва пӯшида нест, ки як идда аз ҷеҳраҳои намоёни Андиҷон ошкору пинҳон алайҳи сиёсати худкомаи Каримов дандон тез мекарданд ва вафоти Каримов акнун онҳоро шерак карда, эҳтимол меравад, ғазаби худро аз вориси ӯ Мирзиёев ситонанд. Ин аст, ки Мирзиёев сафар ба ин водиро мавқуф мегузорад ва дар ин шабону рӯзон бо фиристондани садҳо нафар “десант” и худ, ки иборат аз мутахассисону коршиносон аст, тамоми сохторҳои Андиҷонро месанҷад ва раҳбарони саркашро бе чуну чаро иваз месозад.
Командаи Мирзиёев барои раисҷумҳур гаштани ӯ ҳама роҳҳоро ҳамвор месозанд.Тарғиботи ӯ дар тамоми кишвар ба таври густарда идома дорад. Мирзиёев дар интернет сомонаеро роҳ андохтааст, ки мардуми Ӯзбакистон метавонанд, ба таври мустақим ба ӯ аз мушкилоти худ муроҷиат намоянд. Дар ҳамин ҳол назар ба маълумотҳо, ба унвони Мирзиеев аллакай зиёдтар аз 20 000 адад шикоят афтода, иддае аз онҳо ба таври иҷобӣ ҳал гардидаанд. Мақомот ваъда додаанд, ки ҳар шикояти омада албатта ҳалли худро хоҳанд пайдо кард ва ҳақ ба ҳақрор расонда хоҳад шуд.
Мирзиёев Ӯзбакситонро зиёдтар аз як моҳ аст, ки идора мекунад ва дар ин муддат тавонистааст, ки дар сиёсати худкомаи Каримов нармиҳо ворид созад. Ҳарчанд вай гуфта буд, ки аз пайраҳаи Каримов гом мебардорад ва сиёсати ӯро идома медиҳад. Шавкат Мирзиёев пеш аз ҳама, муносибати хеле мураккаби пешинро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакситон тағйир дода, хостори он гаштааст, ки дар ин самт дигаргунии куллие ба амал оянд. Ӯ вакилони Қирғизистонро низ дар ҳузур пазируфта, дар ҳалли мушкилоти пешомадаи марзӣ сӯҳбатҳо кардааст ва дар содда гардидани авзоъ дар ин сатм нахустин қадамҳоро гузоштааст.