Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМодаре дар асорати режими хуношом (қисми 3)

Модаре дар асорати режими хуношом (қисми 3)

Мо қисмҳои аввал ва дуввуми қиссаи талхи модари Ҷанатуллоҳи Комил — Саймо Куловаро нашр карду будем, ки аз дасти режими ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон бадтарин рӯзҳоро дидааст. Дар қисми аввал дар бораи кушта шудани падару бародари Ҷанатуллоҳ ва дар қисми дуввум дар натиҷаи таҳрими тиббӣ ҷон додани хоҳари 5-солааш ҳикоя шуда буд, ки бо ин ҷумлаҳо тамом мешуд:

Модарам бе садо ашк мерехт. Намедонам чанд дақиқа ё соат мо ҳамин тавр нишастем ва баногоҳ фиғони модарам баланд шуд. Ва ман дарёфтам, ки Кибриё, ин кӯдаки маъсуми 5-сола аз бераҳмиву сангдилии силоҳбадастони Фронти халкӣ баъди ранҷу азоби чандинмоҳа ҷон дод…

Инак давоми он қисса:

Кибриёро ҳам бо ҷамъи кӯчаке аз ҳамсояҳову хешовандон ҷаноза карда, дар назди падарам ба хок супоридем. Падарам, аз ин ки Кибриё наберааш буд ва дар хонаи мо бузург мешуд, ба ӯ меҳри хосе дошт. Ҳамон вақт фикр карда будам шояд Худованд Кибриёро барои он назди падарам бурд, ки зиқ нашавад.

Силоҳбадастони Фронти халқӣ ба қатлу кушторашон идома медоданд. Ваҳшонияти онҳо рӯз ба рӯз бештар мешуд ва дигар бо кушторҳои оддӣ иктифо намекарданд. Як ҷавони ботақвову хидматгоре бо номи Афғонов Маҳмадалӣ буд, ки ҳамагӣ 20-22 сол дошт. Ӯро боздошт кардаву ба мақарашон, ки дар Себистон буд бурданд. Чӣ гунае, ки баъдан шоҳидон нақл карданд, бадани ӯро қитъа қитъа мебуриданду ба дарё мепартофтанд, то хӯроки моҳиҳо шавад. Вақте ки аз шиканҷаи зиёд ва буридани аъзояш ҷон дод, худашро ҳам ба дарё мепартоянд.

Байни ҳар чанд рӯзе хабари марги яке аз хешовандонамонро мешунидем. Мӯйсафедеро, ки Мулло Боронаш мегуфтанд ва синнаш ҳам аз 70 гузашта буд,  дастгир намуда, бо мушту лагад он қадар заданд, ки билохира ҷон дод ва ӯро низ ба дарё партофтанд. Писарамакам Қарахонро ҳам бо шиканҷаи зиёд ба қатл расонданд. Зуҳуров Ҷамшед, як хеши дигари моро кушта ба чоҳе партофтанд, ки танҳо баъди 1 моҳ ҷанозааш пайдо шуд. Ҳудуди 30 нафар наздикони моро бо роҳҳои гуногун ба қатл расониданд.

Дар наздикии деҳаи мо деҳаи дигаре ҳаст, бо номи Розиён, ки ба ҷамоати Себистон ворид мешавад. Аз онҷо шабе 12 нафар мардуми бесилоҳро боздошт мекунанд ва ба мошини калоне бор карда ба назди як ғоре, ки дар 2 километрии Себистон аст мебаранду ҳамаашонро қатл мекунанд ва ба ҳамон ғор мепартоянд. Мурдаи онҳо низ танҳо баъди ду ҳафта пайдо мешавад ва ҳамаашонро дар ҳамон қабристоне, ки Фронти халқӣ барои “душманон” сохта буд ва падару бародари маро низ онҷо ба хок супорида буданд, мегӯронанд. Алъон он қабристон бо номи “Қабристони шаҳидон” маъруф аст.   

Яке аз шабҳои он замони пурдаҳшат, нимашабӣ дарвозаи моро сахт заданд. Гӯё касе мехост онро бишканад. Модарам берун шуд ва пушти дари мо як узви Фронти халқӣ, ки алъон дар додситонии вилояти Суғд кор мекунад ва рӯзе ҳатман исмашро ҳам ошкор хоҳем кард, қарор дошт. Ин нафар дар куштори нафарони зиёде даст дошт. Ӯ аз таъсири маводи мухаддир сахт маст буд ва хост бо таппончаи дасташ модарамро парронад. Модарам бо доду фиғон ба таппончааш чанг зад ва нагузошт, ки парронад. Аз фиғони модарам ҳамаи кӯдакон бедор шуданд. аз ҷумла додари 3,5 солаам Сунатуллоҳ, ки аз тарс гирён шуд ва ба тарафи модарам давид. Модарам ӯро ба оғӯш гирифту бардошт ва он палид чанг зада додарамро гирифту ба ҳаво бардошта ба замин зад. Бо ин ҳам қаноат накарда, аз нав таппончаашро бардошт ва мехост ҳамаро парронад. Аз доду фиғони мо як ҳамсояи дурамон, ки фарзандонаш бо он палид шинос будаанд, ба хонаамон омад ва ӯро аз назди мо ронд.

Баъди ин ҳодиса модарам аз тақдири ман тарсида, маро ба Душанбе фиристод. Додарам ҳам аз зарби хӯрдаашу тарс бемор мешавад. Модарам чанд бор ӯро ба беморхонаи Себистон мебарад, вале ба гиряву зории ӯ касе аҳамият намедиҳад. Баъд ба беморхонаи Данғара мебарад, вале онҷо ҳам маълум мешавад ҳамаи табибон огоҳӣ гирифтаанд, ки “вовчик”-ҳоро табобат накунанд. Рӯз то рӯз вазъи бародарам бадтар мешавад ва модарам маҷбур мешавад ӯро ба Норак барад.

Баъдан модарам нақл мекард, ки вақте вориди беморхонаи Норак мешавад, яке аз ҳамон силоҳбадастонеро мебинад, ки дар куштори падару бародарам даст дошт. Модарам мегӯяд, он ҷинояткори ваҳшӣ назди ҳар табибе мерафт ва бо онҳо сӯҳбат мекард. Баъди он ҳеҷ табибе ҳозир намешавад табобати додарамро ба дӯш гирад. Модарам тамоми рӯз аз назди як табиб ба дигараш меравад ва илтимосу зорӣ мекунад, ки бародарамро табобат кунанд, вале чанд нафари онҳо мегӯянд, ки ин кор ба ҷонашон хатар дорад, чун огоҳӣ гирифтаанд. Ва модарам маҷбур мешавад ба хона баргардад.

Пас аз азоби зиёд додари 3,5 солаам ҳам рӯи дастони модарам ҷон медиҳад. Ҷанозаи ӯро на ман ва на ягон бародарону хоҳаронам надидем. Ҷузъ ду хоҳари кӯчакам ва як бародари 14 солаам. Ин ҳодиса таъсири сахте ба модарам гузошт ва то ҳанӯз асараш боқист…

Идома дорад   

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика