30 дарсади ширкатҳои тиҷорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон бо мушкилоти пардохти андоз рӯ ба рӯ шудаанд. дар ин бора худи раиси кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода маълумот додааст.
Тибқи гуфти Давлатзода қарзи ширкатҳо ва тоҷирон аз андоз дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 825 миллион сомонӣ баробар шудааст. Раиси кумитаи андоз бо ибрози таассуф таъкид мекунад, ки дар бахши ҷамъоварии бақияи андозҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст ва вазъи корхонаву тоҷирон низ бо иллатҳои беруна чандон хуб нест. Ҳатто бо роҳи иҷборӣ ҷамъоварӣ намудани андоз натиҷа надода истодааст.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки сатҳи андозбандӣ ё худ молиёт дар он кишварҳо хеле болост. Бар асоси арзёбии созмони “Тотал тейкс рейт”, мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин маҳсуб мешавад.
Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки теъдоди намудҳои андоз ва ҳаҷми онҳо дар Тоҷикистон зиёд буда, пардохти андоз бидуни фасод ва пинҳон кардани қисми асосии даромад имконнопазир аст. Илова бар ин усули қонунгузории соҳаи андоз тавре аст, ки бидуни қонуншиканӣ соҳибкор наметавонад фаъолият барад ва дар натиҷа зери бори ҷаримаҳои ҳангуфт монда ба муфлисӣ ру ба ру мешавад.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар соли 2015 дар ин кишвар 22 ҳазор соҳибкор муфлис шуда, фаъолияти худро қатъ кардаанд.