Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоРуссия эҳтимол системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро ба Туркия интиқол бидиҳад

Руссия эҳтимол системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро ба Туркия интиқол бидиҳад

Котиби дафтари матбуоти перзиденти Руссия Димитрий Песков дар ҷамъи журналистон дар Ереван- пойтахти Арманистон гуфтааст, ки кишвараш интиқоли таҷҳизоти низоми дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро ба Туркия мавриди омӯзиши ҳамаҷониба  қарор додааст.

Песков таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои Руссияву Туркия дар масъалаи низоми дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоӣ дар сархатти мулоқоти раисҷумҳурони ин ду кишвар будааст.


Ёдовар мешавем, ба қарибӣ Владимир Путин, президенти Руссия таҳти як сафари расмӣ аз Туркия дидан намуд ва бо Раҷаб Тайиб Эдуғон, раисҷумҳури ин кишвар дидору мулоқ дошт.


Песков дар ин робита афзудааст, дар сурати мароқ зоҳир намудани ҷониби Туркия Руссия омода хоҳад гашт, ки намудҳои мухталифи системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро дар ихтиёри ин кишвар гузорад.


Дар ҳамин ҳол котиби дафтари матбуоти перзиденти Руссия ишора намудааст, ки ин ҳамкорӣ, яъне интиқоли системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоӣ соф тиҷоратӣ хоҳад буд ва як нуктаи ҳассоси ин ҳамкориҳо ба шумор меравад..

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика