Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷикистон шарики стратегии Қазоқистон гардид

Тоҷикистон шарики стратегии Қазоқистон гардид

Ин санадро Сенати (маҷлиси болоӣ) порлумони Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта ба тасвиб расонда аст ва тибқи он Қазоқистон аз ин баъд бо Тоҷикистон расман шарики стратегӣ хонда мешавад.  

Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони ин кишвар хабар додааст ва дар пайи нашри расмии иттилоия гуфтааст, ки тибқи  ин аҳднома ҷонибҳо ӯҳдадор хоҳанд гардид, ки дар қиболи ҳамдигар аз таҳдидҳо ва зӯровариҳо худдорӣ хоҳанд намуд ва бо ҷониби сеюм, ки ба оромии минтақа ва истиқлоли ҳамдигар хатар эҷод мекунад, қарордоде имзо намесозанд.


Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳини тасвиби ин аҳднома иброз доштааст, ки шарики стратегӣ будан ба ҳарду ҷумҳурӣ имкон хоҳад дод, ки муносибат ва ҳамкориҳои онҳо дар соҳаҳои мухталиф пештарф кунанд.


Тоҷикистон аҳдномаи шарики стротегиро бо Қазоқистон моҳи декабри соли 2015 ба тасвиб расонда буд. Назар ба гуфтаи Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин санад аз 13 бахш иборат аст ва «таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ» аз ҷумлаи онҳост.


Ёдовар мешавем, ки аҳдномаи шарики стротегӣ соли гузашта дар Душанбе аз ҷониби Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури ин кишвар ба имзо расида буд. Вай 14 уми сентябри соли 2015 бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.


Аз ин пеш Тоҷикистон бо Руссия шарики стротегӣ ба ҳисоб мерафт ва бо тасвиби чунин як қарордод аз ҷониби Сенати парлумони Қазоқистон шумори шарикони стротегии Тоҷикистон ба як адад афзуданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика