Додситонии кулл алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили маъруфи дифоъ парвандаи нав боз кардааст. Ин парванда тибқи моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аст, ки “Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ” номида мешавад.
Сабаби чунин иқдоми додситонӣ бо гумони ғолиб баҳси тунди Бузургмеҳр Ёров бо Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ будааст. Вақти ироаи сухани охирини Бузургмеҳр айбдоркунандаи давлатӣ ба ӯ чанд бор эрод мегирад ва байни онҳо баҳс шурӯъ мешавад. Бузургмеҳр мегӯяд ин додситон, ки алайҳи ман ин қадар иттиҳом сохтааст ба як суол посух диҳад: мошини Тойота Кемрии нав, ки рангаш сиёҳ ва рақами давлатиаш 7675 аст, чӣ гуна харидааст? Дар ҳоле, ки ҳамагӣ 800 сомонӣ моҳона мегирад.
Баъди ин суоли Бузургмеҳр додситон сахт асабӣ мешавад ва ба таҳқири ӯ оғоз мекунад.
Бо гумони ғолиб додситон бо ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Бузургмеҳр дар паи қасосгирӣ аст ва хостааст зӯрашро ба намоиш гузорад.
Додгоҳ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст. Вале бо гузашти 11 рӯз аз судури ҳукми суд, то ҳанӯз ин ҳукм ба дасти на Бузургмеҳр ва на адвокаташ нарасидааст.