Худованди мутаъол дар Қуръони муборакаш мефармояд
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ
” Вақте бандагонам дар бораи ман мепурсанд, бигӯ, ба ростӣ ки ман наздикам. Ҳангоме, ки аз ман талаби дуо мекунанд, иҷобат мекунам дуъои дуъокунандаро, пас уммат бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон биёваранд шояд, ки роҳнамоӣ шаванд”
Ҳамватанони гиромӣ!
Биёед бо такя ба ин оят ва дигар оятҳои Қуръони кариму аҳодиси Паёмбари акрам (с) дар пирӯзӣ бар режими ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон аз беҳтарин силоҳи мӯъмин — дуъо кор бигирем. Ин режим на танҳо бо мардуми кишвар, яъне ҳамаи мову шумо, балки ба Парвардгори мо низ ҷанг эълон кардааст. Пас Худованд ҳам дар сангари мост ва ҳеҷ кӯмакеву қудрате бартар аз кӯмаку қудрати ӯ нест. Биёед аз Худованд бихоҳем то дар сарнагун кардани ин ҷинояткор ва пайравони фосидаш ба доди мазлумон бирасад.
Биёед дар аввал рӯзеро барои дуъои дастаҷамъона ихтисос бидиҳем. Мо пешниҳод мекунем ҷумъаи ояндаро интихоб кунем. Ҳар касе қодир аст, рӯзи панҷшанбе (27-уми октябр) рӯза бигираду дар ифтор дуъо кунад. Сипас сар аз намози ишоъ (хуфтан)-и рӯзи панҷшанбе то субҳи ҷумъа (28-уми октябр) якҷоя дар дуъо бошем. Дуъо кунем то мардуми мазлуми тоҷикро аз шарри ин ҳукумати золим ва хидматгорони фосидаш наҷот диҳад.
Агар шумо, мардуми шарифи кишвар ин пешниҳоди моро қабул доред, мо аз уламои исломӣ дархост мекунем, то матни дуъоро тибқи Қуръону суннат ва бо забони тоҷикӣ тартиб диҳанд, то ҳама як дуъо дошта бошем. Аз ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар ин кори хайр шарик бошанд, хоҳиш мешавад ин муроҷиъатро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Фейсбуку Одноклассники, шабакаҳои алоқа аз қабили Ватсапу Вайберу Телеграмм ва байни мардум нашр намоянд.
Аз тамоми тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, хоҳиш мешавад ин мавзӯъро ба имомҳои масоҷиде, ки онҷо намоз мегузоранд расонанд, то дар дуъои мардуми тоҷик шарик бошанд ва дар намози ҷумъаи 28-уми октябр дар ҳақи тоҷикону Тоҷикистон дуъо кунанд.
Сар аз имрӯз мо ин масъаларо якҷоя бо шумо, хонандагони азиз пайгирӣ хоҳем кард ва якҷоя барои дуъои дастаҷамъӣ омода хоҳем шуд.
Худованд ниятҳои ҳамаи моро холис барои худаш бигардонад ва дуъоҳои моро мустаҷоб намояд.
Омин.