Паёми табрикотии ҲНИТ ба муносибати пирузии Дилшод Назаров дар бозиҳои тобистонаи Олимпй Рио- де-Жанейро да саҳифаи фесбукий сухангӯйи ин ҳизб ,Маҳмудҷон Файзраҳмонов нашр гардидааст .
Дилшод Назаров барандаи нишони тиллои бозиҳои тобистонаи олимпии Рио- де-Жанейро 2016 мебошад ,ки аввалин нишони тиллои бозиҳои олимпиро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст овард ва ин аввалин нишони тиллои Тоҷикистон дар 25 соли истиқлолият мебошад . Дар рақобатҳои гузаштаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ варзишгарони точик ,муваффақ ба касби ду нишони биринҷӣ гардида буданд .
Аввалин нишони бозиҳои олимпиадаи тобистонаро паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар рақобатҳои соли 2008 дар Пекин ба даст оварда буд ва инчунин авалин муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар рақобатҳои бозиҳои тобистонаи олимпиадаи Лондон дар соли 2012 муваффақ ба касби нишони биринҷӣ гардида буд .
Қобили зикр аст ки ҲНИТ дар олимпиадаи гузашта ба варзишгарони тоҷике ки дар бозиҳои тобистонаи олимпиадаи Лондон 2012 муваффақ ба касби нишон мегарданд ваъдаи манзили истиқоматӣ дода буд ва дар натиҷаи ба даст овардани ҷои севум аз сӯи муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева ба у хонаи ду ҳуҷраӣ эҳдо гардида буд. Барои ташвиқи паҳлавони Тоҷик Расул Боқиев ,ки дар рақобатҳои бозиҳои тобистонаи олимпиадаи Лондон 2012 ҷои 4-ум ба даст оварда буд, худрави “TOYOTA” ҳадя гардид .
Пирӯзӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Шӯрои иҷроияи ҲНИТ пирӯзии варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаро ба ҳамватанони хеш табрик гуфта, инро як дастоварди таърихии варзиши миллӣ медонад.
Арзиши ин пирӯзӣ имрӯзҳо барои миллати тоҷик болотар аз як падидаи сирф варзишӣ мебошад. Зеро, дар замоне рух додааст, ки миллати мо шадидан ниёз ба умед ба оянда ва эътимод ба худ дорад.
Маҳз дастовардҳои варзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки фаротар аз масоили сиёсӣ мебошанд, боиси рӯҳбаландӣ, ваҳдатофаринӣ ва якпорчагии миллат дар ин лаҳзаҳои душвор мегарданд.
Шӯрои Иҷрояи ҲНИТ
20.08.2016