Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоАркадий Дубнов: Эмомалӣ Раҳмон иштибоҳи Маскаву Тошканд буд

Аркадий Дубнов: Эмомалӣ Раҳмон иштибоҳи Маскаву Тошканд буд

“Таҳаввули фавқулъодда мубтазал ва бисёр “осиёнаи” Эмомалӣ Раҳмон тамоми сатҳи касофат ва маҳдудияти роҳбареро ба намоиш гузошт, ки тасодуфан ба қудрат расид. Чунин роҳбар дар маҷмӯъ Тоҷикистонро ба ҳолати бисёр риққатангез меорад ва кишварро қисман ба хатар барои тамоми минтақа табдил медиҳад.”

Ин ҳарфҳои коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Аркадиё Дубнов аст, ки дар мусоҳаба бо нашрияи интернетии CAAN (Central Asian Analytical Network) изҳор доштааст. Ин коршинос мегӯяд:

“Барои ман он чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад, бисёр дарднок аст, зеро ман шоҳиди ҷанги дохилӣ будам ва дар пеши чашмонам президенти имрӯзаи Тоҷикистон қудратро дар соли 1992 ба даст гирифт. Дар пеши чашмони ман таҳаввули Эмомалӣ Раҳмонов, ки фавқулъодда мубтазал ва бисёр “осиёна”, ба маротиб осиёнатар аз туркманӣ сурат гирифт, ба вуқӯъ меомад. Ин таҳаввул тамоми сатҳи касофат ва маҳдудияти роҳбареро нишон дод, ки тасодуфан ба қудрат расид. Чунин роҳбар Тоҷикистонро ба ҳолати бисёр риққатангез меорад ва кишварро ба таҳдид барои тамоми минтақа табдил медиҳад. Ин суханҳоро гуфта, мехостам иштибоҳ кунам, вале ба назар мерасад, ки вазъият чунин шакл гирифта истодааст.”

Такя ба Раҳмон иштибоҳи дастҷамъонаи Русия ва Ӯзбакистон буд

Дубнов зикр кардааст: “Вазъияти Тоҷикистон дар соли 1992 бисёр фоҷиабор буд. Он вақт ҷустуҷӯҳо сар шуда буданд. Хотираҳои бисёр ҷолиби полковник Квачков, ки дар ҳоли ҳозир барои суиқасд алайҳи Анатолий Чубайс аз озодӣ маҳрум аст, вуҷуд дорад. Ӯ нақл мекунад, ки ба Тоҷикистон бо супориши Сарраёсати ҷосусии (ГРУ) Ситоди кулли Русия барои ҷустуҷӯи номзад ба вазифаи президенти Тоҷикистон эъзом шуда буд. Ба ӯ қумондони саҳроӣ ва ҷинояткори собиқадор Сангак Сафаров ҷавони фаъол ва собиқ директори совхозро пешниҳод кард.

Ӯ роҳбари кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд ва ба Сангак Сафаров вафодор буд. Ягона мушкилӣ ин розӣ кунондани Ислом Каримов ба он буд, ки ин одам, Эмомалӣ Раҳмонов, ки ӯро ҷинояткори собиқаи 23-сола дошта тавсия мекунад, метавонад даъвои ҳокимият кунад.

Квачков ин вазифаро иҷро карда тавонист ва онҳо тавонистанд Тошкандро мутақоид созанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бачаи сазовор аст. Ҳамин тавр ӯро баъди танаффуси дуҳафтаина ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон оварданд. Ба ҳама фаҳмонда шуд, ки Раҳмонов дастгирии Тошканд ва Москваро дорад ва ҳамин тавр вакилон ӯро интихоб карданд.

Маҳз ҳамин ҳодисаҳоро ман бо чашмони хеш мушоҳида мекардам. Бо дастгирии Тошканд ва Москва Раҳмонов тавонист ба Душанбе танкҳоро дарорад ва мухолифонро аз онҷо берун кунад. Вале дар натиҷа ҷанги тамомаёр ва хунин сар шуд, ҷанг барои берун кардан ва нобуд намудани гурӯҳҳои ба Фронти халқӣ муқобил ва нобуд кардани аҳолии осоиштаи тарафдори ин гурӯҳҳо.”

 

Матни пурраи гуфтугӯ бо Аркадий Дубнов дар ин ҷо:

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика