Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМарсияи Исфандиёри Назар оиди даргузашти падари Муҳиддин Кабирӣ

Марсияи Исфандиёри Назар оиди даргузашти падари Муҳиддин Кабирӣ

Зӯҳри имрӯз намози ҷанозаи падари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ — Тилло Кабиров дар зодгоҳаш деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод баргузор шуд.

Ҳамчунин намози ҷанозаи ғоиб ба ин марди шариф дар шаҳрҳои Истамбул, Варшава, Дортмунд, Вена, Теҳрон ва Маскав намози ҷанозаи ғоиб хонда шуд.

Ҳазорон нафар даргузашти ӯро таслият гуфтанд. Аз ҷумла Исфандиёри Назар, шоири фарҳехтаи тоҷик дар ҳақи ӯ марсияе сурудааст, ки пешкаши хонандагон мекунем.

 

АЗ РАНҶИ МО БА ҲАЗРАТИ КИБРИЁ БИГӮЙ…

Аввал саломи мо ба Худованди мо бигӯй,

В-он гаҳ дуруди мо ба худи Мустафо(с) бигӯй.

Эй пири ғамкашида зи дасти ситамгарон,

Аз кори ин ситамгарон бар Худо бигӯй!

***

Аз золимон бигӯй, аз ин бад зи кофарон,

Аз ҳоли зори миллати бемуттако бигӯй!

Раҳме ба тифлу пиру ҷавон чун намекунанд,

Раҳми ту ку, Худойи мо? – Бармало бигӯй.

***

Бубакр(р) ку? Умар(р) куҷо? Усмони ту(р) куҷост?

Ё Раб, куҷост он Алии Муртазо(р)? Бигӯй.

Гӯйӣ дубора омада даврони Булаҳаб,

Оре, дубора омада он рӯсиё! – Бигӯй!

***

Бар мо зи хасми дин равад моҷаро, бубин,

Бар мо зи хасми дин равад моҷаро, бигӯй.

Сатри ифофу пардаи исмат ҳамедаранд,

Ин қотилони шафқату шарму ҳаё, бигӯй!

***

Аз мо чи дидаӣ, ки иҷобат намекунӣ,

Ин ашку оҳу дасту лаби пурдуъо? – Бигӯй.

Аз чашми Мустафо(с) магар афтода халқи мо?

Ё мо шудем аз раҳи ӯ вархато? – Бигӯй.

***

Асри пур аз азияту ранҷу мазаллат аст,

Ин асри ранҷро бувад кай интиҳо? – Бигӯй.

Роҳат сафед пири ситамдидаи замон,

Аз ранҷи мо ба ҳазрати Кибриё бигӯй…

از رنج ما به حضرت کبریا بگوی…

اول سلام ما به خداوند ما بگوی،

وانگه درود ما به خود مصطفی (ص) بگوی.

ای پیر غمکشیده ز دست ستمگران،

از کار این ستمگران بر خدا بگوی.

***

از ظالمان بگوی، از این بد ز کافران،

از حال زار ملت بی متکی بگوي.

رحمی به طفل و پیر و جوان چون نمی کنند،

رحم تو کو، خدای ما؟ برملا بگوی.

***

بوبکر (ر) کو؟ عمر (ر) کجا؟ عثمان تو (ر) کجاست؟

یا رب، کجاست آن علی مرتضی (ر)؟ بگوی.

گویی دوباره آمده دوران بولهب،

آری، دوباره آمده روسیا! – بگوی.

***

بر ما ز خصم دین رود ماجرا، ببین،

بر ما ز خصم دین رود ماجرا، بگوی.

ستر و عفاف و پرده عصمت همی درند،

این قاتلان شفقت و شرم و حیا، بگوی

***

از ما چه دیده ای که اجابت نمی کنی؟

این اشک و آه و دست و لب پردعا؟ — بگوی.

از چشم مصطفی (ص) مگر افتاده خلق ما؟

یا ما شدیم از ره او ورخطا؟ — بگوی.

***

عصر پر از اذیت و رنج و مزلت است،

این عصر رنج را بود کی انتها؟ — بگوی.

راهت سفید پیر ستم دیده زمان،

از رنج ما به حضرت کبریا بگوی…

شاعر تاجیک: اسفندیار نظر

23 اكتوبر

آلمان

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика