Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоФайзинисо Воҳидова: Таърих ёд надорад, ки ин қадар паёмҳои таслият ба як...

Файзинисо Воҳидова: Таърих ёд надорад, ки ин қадар паёмҳои таслият ба як тоҷик шуда бошад

Мардум инсони хубро сарфи назар аз миллату динаш, мазхабу маҳаллаш, мансубияти ҳизбиаш, дустиву душманиаш, сарвату давлаташ, бою камбағалиаш ва мавқеи иҷтимоиву сиёсиаш эътирофу эҳтиром мекунанд ва ба ӯ эътиқод доранд!

Имшаб пеш аз хоб дар Фейсбук (ФБ) хабари фавти бобои Тилло, падари Муҳиддин Кабирӣ, собиқ вакили парлумон, Раиси ҲНИТ, сиёсатмадору олим, як фарзанди баруманди марҳум бобои Тилло, фарзонаи миллат, шахси муътабар ва дирӯзакак дусти ҳукумат, вале имрӯзакак террорист эълон шудааст, расиду садҳо нафар ҳамон шаб арзи таслият ва ҳамдардӣ намуданд.

Имрӯз саҳар Фейсбукро боз кардам, ки дар ҳамаи гурӯҳҳову саҳфаҳо ҳазорҳо ҳазор акси марҳум бо изҳори таъзия ва талаби раҳмату мағфират ва Ҷаннат-ул- Фирдавс барои марҳум аз даргоҳи Парвардигори оламро дидам!

Таърих ёд надорад, ки ба мусибати як “террорист”-у “хоин”-и Ватан ин қадар шумораи зиёди ҳаммиллатонаш, ҳамватанонаш, ҳаммиҳанонаш, ҳамзабононаш, ҳамдинонаш, ҳамшираҳояш ва бародарону дустони зиёд аз минтақаҳои гуногуни олам, аз Тоҷикистони азизамон, шарқу шимол, ҷанубу ғарби дунё ва Аврупову Амрико ҳамшарик шуда бошанд.

Таърих ёд надорад, ки ҳадди ақал нисбат ба як чиновники солҳои тулонӣ симои ошнодошта ин қадар мусибатшарик шуда бошанд!

Дирӯзакак хабари фавти собиқ муовини аввали Раиси ҲХДТ расида буд ва дар шабакаи интернет ба тасаллияти мардум эътибор дода, дар муқоиса миёни ин ду сиёсатмадори ҳизбӣ фарқ аз замин то осмон аст!

Имрӯз марҳум бобои Тилло ба хок супорида мешаванд. Худо раҳмату мағфираташон карда, аз ҳавзи кавсараш сероб гардонад ва ҷояшонро ҷаннат ва ба аҳли пайвандонашон сабри ҷамил ато намояд! Омин!

Ба ҳар як фарзанди миллат чунин рӯзи баобрӯро насиб гардонад!

Файзинисо Воҳидова

Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик

23.10.2016

 

*Манбаъ:

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика