Минбаъд тоҷирони бозорҳои Душанбе бо либосҳои ягона бояд савдо кунанд.
Ин дастур тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дода шудаст.
Гуфта мешавад, ба тоҷирон ҳушдор дода шудааст, агар меъёри муаяншударо риоя накунанд, аз ҳаққи дар бозор савдо кардан маҳрум хоҳанд шуд. Илова бар ин ба тоҷирон амр шудааст, то ба гардани худ нишона бо ному насаби худ овезанд ва ҳам нархи маҳсулоти худро гузоранд.
Раисон ва масъулини бозорҳо муваззаф шудаанд, риояи қатъии ин талаботҳоро ҷиддӣ назорат намоянд ва ба савдогарон сарфи назар аз моликияташон либоси ягонаро таъмин намоянд.