Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоНороҳатии сокинони Пизаи Итолиё аз сохтмони масҷиди мусалмонон

Нороҳатии сокинони Пизаи Итолиё аз сохтмони масҷиди мусалмонон

Як гурӯҳи исломбадбин аз ҳизби ростгароёни тундрав дар шаҳри Пизаи Итолиё даст ба тазоҳурот заданд ва аз мақомоти шаҳр дархост намуданд, ки аз бунёди як масҷид барои мусалмонони ин қаламрав дар назди манораи таърихии ин шаҳр ҷилавгирӣ намоянд.


Хабаргузориҳои ин кишвар иттилоъ додаанд, ки сохтмони масҷидро барои мусалмонон қаблан мақомоти шаҳрдорӣ иҷозат дода буданд, аммо ростгароёни тундрави шаҳр бо баргузории як тазоҳурот алайҳи он садо баланд намуданд ва аз мири шаҳри Пиза талаб карданд, ки дар бораи қарори худ дар робита ба бунёди масҷид дар қарибиҳои манораи таърихӣ райъпурсии умумӣ доир наояд.


Як намояндаи қонундони ҳизби ростгарои “Ба пеш, Итолиё” гуфтааст, ки “Ба шумо мақбул аст, ё хайр, мо дар ҳолати ҷангӣ қарор дорем. Дари масоҷидро бояд баст, на ин ки ба сохтанаш иҷозат дод. Ин ҷоест, ки бадбиниҳоро тарғиб месозад.”


Раиси шурои ҷамъиятҳои мусалмонони Итолиё Иззидин аз- Зоир аз чунин гуфтугузор бо нигаронӣ изҳор доштааст, ки баргузории чунин тазоҳурот алайҳи ислому масоҷиди он ба озодии виҷдон дар ин қаламрав таҳдид мекунад ва аз камшумории мусалмонони кишвар далолат медиҳад. Вай таъкид кардааст, ки ин чорабинӣ барои манофеи як гурӯҳи сиёсатмадорон роҳандозӣ гаштааст. “Сиёсатмадорон бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд ва аз ин роҳ мехоҳанд, барои худ “ачко” бигиранд ва дар интихобот аксари овозҳоро соҳиб гарданд. Ин муддаои онҳо пас аз ҳуҷумҳои маргбор дар Фаронса, Белгия ва Олмон ба амал омадааст.”- гуфтааст Раиси шурои чамиятҳои мусалмонони Итолиё.


Аммо дар ҳамин ҳол, мири шаҳри Пиза Марко Филипески тарҳи бунёди масҷид барои мусалмонони шаҳрро дастгирӣ намудааст ва ишора кардааст, ки масҷиди мазкур бо маблағи шахсони алоҳида сохта хоҳад шуд.

“Мусалмонони шаҳр то ин дам дар масҷиди хурде дар маркази Пиза ба ниёиш машғул буданд ва ҳеҷ нафареро коре набуд, алайҳашон тазоҳуроте низ доир намегардид” -бо тааҷҷуб изҳори нигаронӣ намудааст мири шаҳр.


Гуфта мешавад, дар шаҳри Пизаи Итолиё ҳудуди 3 ҳазор нафар мусалмон зиндагиву кор мекунанд.
Доир гардидани тазоҳуроти мазкур дар ҳолест, ки назар ба иттилои хабаргузориҳо дар Итолиё мақомот бо баҳонаҳои мухталифи риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ дар ин авохир панҷ масҷиди мусалмононро бастанд. Ин аст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта мусалмонони Рум дар назди харобаҳои амфитеатри Колизия намози ҷумъаро адо намуданд ва инро ба нишони эътироз аз баста шудани масоҷид ва хонаҳои намозгузорӣ дар ин қаламрав унвон карданд. Ин намози эътирозиро мусалмонони зодаи кишвари Банглодеш баргузор сохтаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика