Доналд Трамп, муддаии курсии президентӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳизби Ҷумхурихоҳ дар микроблоки худ дар Твиттер навиштааст, ки роҳандозии чораҳои озод намудани шаҳри Мавсил аз вуҷуди ифротгароёни исломӣ “ бо фоҷеаҳо анҷом хоҳад ёфт”. Аммо вай шарҳ надодааст, ки чаро ин амал дар фарҷом фоҷеабор хоҳад буд.
Мавсил як шаҳри бузурги стротегии кишвари Ироқ аст, ки солҳо ин ҷониб дар дасти ҷангҷуёни ДОИШ қарор дошт ва дар ин авохир бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоии ИМА атиши милли Ироқ барои озод сохтани он иқдом намуда буд. Аммо ҳанӯз муваффақ нагаштааст иншаҳрро таҳти тасарруфи худ қарор диҳад. Дар ҷанги алайҳи ДОИШ дар Мавсил пешмаргаҳои курд низ фаъолона ширкат доранд. Нерӯҳои низомии Туркия низ вориди ин хок гаштаанд ва инро ҷониби Туркия шарҳ додааст, ки бо хости курдҳои минтақа даст ба ин амал задааст.
Назар ба хабарҳои расида, дар натиҷаи ин амалиёти ҳарбӣ садҳо нафар ҷон бохтаанд, вале ҳанӯз ягон тарафи даргир пирузии назаррасе касб накардааст.
Коршиносони умури сиёсӣ мегӯянд, ба дарозо кашидани набардҳо ба он хоҳад овард, ки барои дифоъ аз манофеи худ давлатҳои абарқудрати дигар низ дар ин минтақа вориди ҷанг гарданд ва ишораи Доналд Трамп метавонад ба ҳамин бастагӣ дошта бошад.