Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоИттиҳодияи Аврупо аз хуруҷи ҳайати Тоҷикистон аз конфронси Варшава интиқод кард

Иттиҳодияи Аврупо аз хуруҷи ҳайати Тоҷикистон аз конфронси Варшава интиқод кард

Иттиҳодияи Аврупо хуруҷи ҳайати Тоҷикистон аз конфронси Варшава интиқод карда гуфт, ки онҳо дар баробари интиқодҳо ба ҷои муколамаву табодули назар конфронсро тарк карданд.

ИА чанде пеш бо интишори баёнияе, ки дар сайти расмии САҲА мунташир шуд, аз амалкарди гуногуни ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла хуруҷи ҳайати он, фишор болои хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ, набуди амният барои фаъолон дар хориҷи кишвар ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шиддат интиқод кард.

Дар ин баёния омадааст: “Мутаассифона, як бори дигар, бархе кишварҳои узви САҲА бо эъмоли маҳдудиятҳо аз сафари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ширкат дар конфронси Варшава ҷилавгирӣ карданд.”

“Мо аз гузоришҳои ташвишовар мабнӣ бар ин, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон саъй карданд, то ба фаъолони сиёсӣ ё хонаводаҳои онҳо, ки бо истифода аз ҳуқуқи худ дар конфронси Варшава ширкат карданд фишор оваранд, нигарон ҳастем.”- омадааст дар ин баёния.

Дар идома таъкид шудааст: “Мо аз тамоми кишварҳои узви САҲА даъват мекунем, ки аз чунин аъмоли ғайри қобили қабул даст кашанд ва бо тааҳҳудоти худ дар назди САҲА пойбанд бимонанд.”

Иттиҳодияи Аврупо дар ин баёния гуфтааст: “Ин вазифаи кишварҳои узв аст, то итмиъӯнон диҳанд, ки амнияти онҳое ки барои дифоъ аз ҳуқуқи башар овози худро баланд карданд, чӣ дар кишварҳои худ ҳастанд ё дар яке аз кишварҳои ҷаҳон, ҳифз шавад.”

“Мо ҳамчунин мутаассифем, ки бархе кишварҳои узви САҲА бо рубарӯ шудани интиқодҳо тарки конфронсро интихоб карданд ва дар табодули бештари назарҳо ширкат накарданд.” – таъкид шудааст дар ин баёния.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз иқдоми бархе кишварҳо дар ирсоли намояндагони тақаллубӣ, ки гӯё аз ҷомеаи шаҳрвандии он кишварҳо намояндагӣ мекунанд, интиқод карда, таъкид кард: “Ва аз тарафи дигар, бархе кишварҳои узв, “ҷомеаи маданӣ”-и сохташудаи худро ба хотири маҳор кардани овозҳои намояндагони мустақил ба ин конфронс фиристоданд.”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика